Ҷасорати ронандаи тоҷик дар Русия (видео)

Ронандаи тоҷик Юсуф Каримов дар шаҳри Владивостоки Русия бо амали ҷасуронааш аз як садамаи эҳтимолан фоҷиабор пешгирӣ кард. Расонаҳои маҳаллӣ ӯро «Қаҳрамони рӯз» номидаанд.

Ҳодиса 1-уми октябр дар кӯчаи Спиридоноваи Владивосток рух додааст. Юсуф Каримов ҳангоми ҳаракат бо мошини боркаш дар оинаи ақиб мошини боркаши дигареро мушоҳида мекунад, ки бо суръати баланд аз нишебӣ поён меомад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, тормози он аз кор баромада буд.


Юсуф дарк мекунад, ки мошини идоранашаванда метавонад ба дигар воситаҳои нақлиёт, инчунин биноҳои назди роҳ бархӯрад. Ӯ мошини боркаши худро қасдан пеши роҳи он қарор дода, зарбаро ба худ қабул мекунад. Дар натиҷа мошини идоранашаванда баъди бархӯрд бозмемонад.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар садама 10 воситаи нақлиёт осеб дида, шаш нафар ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати тандурустии кишвари Приморй хабар додааст, ки миёни осебдидагон бемори вазнин ё ниёзманд ба эҳёгарӣ набуд.
Расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии Владивосток амали ронандаи тоҷикро ҷасурона арзёбӣ карда, таъкид кардаанд, ки тасмими саривақтии ӯ метавонист аз паёмадҳои вазнинтар ва талафоти ҷонӣ пешгирӣ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *