Чаро одамон ба сактаи қалб гирифтор мешаванд?

Бемориҳои дилу рагҳо яке аз сабабҳои асосии фавт дар ҷаҳон ба шумор мераванд. Ҳамасола ҳазорон нафар бар асари сактаи қалбӣ, сактаи мағзӣ ва дигар бемориҳои вобаста ба гардиши хун ҷони худро аз даст медиҳанд. Яке аз хатарноктарин ҳолатҳо инфаркти миокард аст, ки дар сурати дер расонидани ёрии тиббӣ метавонад ба марг оварда расонад.

Вақте дер мекунем…

Инфаркти миокард ҳолатест, ки ҳангоми баста ё хеле танг шудани раги таъминкунандаи мушаки дил гардиши хун халал меёбад. Дар натиҷа қисми муайяни мушаки дил аз оксиген маҳрум шуда, ҳуҷайраҳои он осеб мебинанд ё мемиранд.

Сабаби асосии инфаркти миокард бемории ишемиявии дил ва атеросклерози рагҳои коронарӣ мебошад. Ҳангоми ҷамъ шудани холестерин ва дигар моддаҳо дар девораи рагҳо лавҳаҳои атеросклеротикӣ пайдо мешаванд. Канда шудани чунин лавҳа метавонад боиси пайдо шудани лахтаи хун ва басташавии раг гардад.

Ба гуфтаи мутахассисон, яке аз сабабҳои зиёд будани ҳолатҳои вазнин дер муроҷиат кардани беморон ба табиб аст. Баъзеҳо дарди қафаси сина, нафастангӣ ё беҳолиро нодида гирифта, танҳо баъди шиддат гирифтани вазъ ба «Ёрии таъҷилӣ» муроҷиат мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо инфаркт ҳатто метавонад бо нишонаҳои кам ё ғайримаъмул ҷараён гирад.

Киҳо бештар дар хатар қарор доранд?

Хавфи сактаи қалбӣ дар шахсони гирифтори фишорбаландӣ, диабети қанд, фарбеҳӣ ва баланд будани холестерин бештар аст. Тамокукашӣ, истеъмоли аз ҳад зиёди машрубот, камҳаракатӣ, ғизои носолим ва стресси музмин низ эҳтимоли бемории дилро зиёд мекунанд.

Синну сол низ аҳаммият дорад. Бо пиршавӣ хавфи бемориҳои дил боло меравад. Мардон одатан дар синни нисбатан ҷавонтар ба инфаркт гирифтор мешаванд. Дар занон хавф баъди давраи менопауза бештар мегардад.

Нишонаҳоро нодида нагиред

Аломати маъмули инфаркт дарди сахт ё фишордиҳанда дар қафаси сина мебошад, ки метавонад ба дасти чап, китф, гардан ё ҷоғ паҳн шавад. Нафастангӣ, арақи сард, дилбеҳузурӣ, заъф ва ҳисси тарс низ мушоҳида мешаванд.

Дар занон нишонаҳо баъзан ғайримаъмуланд: хастагии шадид, дилбеҳузурӣ, дарди пушт ё ҷоғ ва нафастангӣ метавонанд бе дарди шадиди қафаси сина пайдо шаванд.

Дар чунин ҳолатҳо ҳар дақиқа муҳим аст. Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои эҳтимолии сактаи қалбӣ бояд фавран ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат кард. Ташхиси саривақтӣ, назорати фишори хуну холестерин, даст кашидан аз тамоку ва тарзи ҳаёти фаъол метавонад хатари инфарктро ба таври назаррас коҳиш диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *