5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар
Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.
Мутахассисони ғизо тавсия медиҳанд, ки барои нигоҳ доштани фаъолияти хуби майна ба ғизои рӯзмарра чанд навъи маҳсулоти муфид ворид карда шавад.
1. Кабудӣ. Сабзавоти баргдор дорои лютеин ва дигар моддаҳои муфид мебошанд. Лютеин бештар бо ҳифзи саломатии чашм алоқаманд аст. Биниши хуб низ барои қабул ва коркарди иттилоот аҳаммияти калон дорад.
2. Тухм. Зардаи тухм манбаи холин ё витамини В4 мебошад. Ин модда дар фаъолияти системаи асаб ва равандҳои вобаста ба хотира ва диққат нақш дорад. Холин инчунин барои фаъолияти муътадили ҳуҷайраҳои асаб муҳим аст.
3. Бодом. Бодом дорои витамини Е ва равғанҳои муфид мебошад. Витамини Е хусусияти антиоксидантӣ дошта, барои ҳифзи ҳуҷайраҳо аз таъсири зараровари радикалҳои озод мусоидат мекунад.
4. Моҳии серравған. Озодмоҳӣ ва дигар навъҳои моҳии серравған аз кислотаҳои равғании омега-3 бой мебошанд. Омега-3 барои фаъолияти мағзи сар ва системаи асаб аҳаммияти калон дошта, ҷузъи муҳими сохтори ҳуҷайраҳои асаб мебошад.
5. Об. Камобӣ метавонад боиси хастагӣ, паст шудани диққат ва дарди сар гардад. Аз ин рӯ, дар давоми рӯз мунтазам об нӯшидан муҳим аст. Миқдори зарурии об вобаста ба синну сол, вазн, фаъолияти ҷисмонӣ ва ҳарорати муҳит фарқ мекунад.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки барои фаъолияти хуби майна танҳо як маҳсулот кофӣ нест. Ғизои мутавозин, хоби кофӣ, ҳаракати ҷисмонӣ ва истироҳати мунтазам низ аҳаммияти калон доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ