Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан дар Кӯлоб
Имрӯз, 5 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб идома ёфт.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Мабноро ба истифода дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, корхона дар масоҳати 7 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, бо хатҳои технологии муосир муҷаҳҳаз мебошад.
“Иқтидори истеҳсолии он 32 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
гуфта мешавад, ки дар корхона истеҳсоли 15 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ