Роҳпаймоии беш аз 40 ҳазор нафар дар Хатлон
Рӯзи 24-уми ноябр, дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид. Ба иттилои мақомоти шаҳри Бохтар, дар ин роҳпаймоӣ беш аз 40 ҳазор нафар, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони идораву ташкилот, хонандагону донишҷӯён ва сокинон иштирок кардаанд.
Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатии кишвар табрик намуда, гуфтааст, Парчам дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақому манзалати хосса дошта, он рамзи соҳибдавлатӣ, соҳибистиқлолӣ, соҳибихтиёрӣ, ҳувияти миллӣ, нангу номус ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар ин чорабинӣ ҳунармандон хотири иштирокдоронро бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу саҳнаҳои театрӣ шод намуданд.
Рӯзи 24-уми ноябр дар Душанбе ва дигар гушаҳои Тоҷикистон низ ба муносоибати таҷлил аз Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоишҳои сатҳи гуногун ҷараён доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ