Паёми шодбошии Президент ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон сокинони кишварро ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ, ки ҳамасола 24-уми ноябр таҷлил мегардад, табрик намуда, онро рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва омили таҳкимбахши худшиносиву худогоҳии миллӣ арзёбӣ кардааст.

Президенти Тоҷикистон дар паёми шодбошии худ гуфтааст, дирафши коваёнӣ, ки асоси парчамдории мардумони ориёӣ, аз ҷумла миллати сарбаланди тоҷик мебошад, то ба имрӯз чун рамзи муборизаву истиқлолхоҳӣ, нангу номуси миллӣ ва пирӯзиву адолат ба шумор меравад.

“Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ парчами давлатӣ на танҳо василаи таъмини сарҷамъиву муттаҳидии мардуми тоҷик, балки омили асосии таҳкими худшиносӣ ва муаррифии дастовардҳои миллии мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардид”,-иброз доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ таъкид намудааст, ки ҷавонони кишвар бояд хуб донанд, ки парчам танҳо як матои рангаву муҷалло нест, балки он дар худ таъриху тамаддуни оламшумул, фарҳанги пурғановат, озодиву ободӣ ва ормонҳои неки мардуми шарафманди тоҷикро таҷассум менамояд.

“Вобаста ба ин, ҷавононро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз парчамдориву соҳибдавлатӣ ва оромиву ободии Ватан барои аз худ намудани донишҳои муосир, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ талоши бештар намоянд. Мо бояд эҳтиром гузоштан ба парчами давлатиро дар зеҳну андешаи насли наврас ба амали ҳаррӯзаи маънавию маърифатӣ табдил диҳем. Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдат ва муҳаббат ба миллату давлатро омӯзонем. Дар ин самт бояд оила, муассисаҳои томактабиву таълимӣ, аҳли илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори оммаи кишвар нақши фаъол дошта бошанд”,-таъкид кардааст Президенти кишвар.

Дар Тоҷикистон ба  муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ суҳбату мулоқотҳо ва чорабиниҳои гуногун баргузор шуда, атрофи Парчам ва аҳмияти он табодули назар сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *