Пардохти 100 сомонии таксиҳои Душанбе бекор карда шуд. Тартиби нав сабукӣ меорад?

Пардохти ҳаррӯзаи 100 сомонии таксиҳои Душанбе, ки борҳо нигарониҳоеро ба миён оварда буд, бекор карда шуд.

Қарори лағви ин пардохт, рӯзи 23- юми ноябр дар ҷаласаи Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Тоҷикистон, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ, раиси ин комиссия ва шаҳрдори Душанбе қабул шудааст.

Ҳукумати шаҳри Душанбе бо нашри иттилоияе гуфтааст, “бо мақсади коҳиш додани хароҷоти ронандагон ва бартараф намудани маҳдудиятҳои маъмурӣ қарор қабул гардид, ки пардохти 100 сомонӣ ва низоми квотабандӣ барои фаъолияти мусофиркашонӣ тавассути таксиҳо бекор карда шаванд.”

Дар ҷаласаи рӯзи 23-юми ноябр ба масъулин супориш дода шудааст, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии татбиқи механизми навро омода намуда, тартиби гирифтани иҷозатномаро тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ аз 1-уми январи соли 2027 мавриди амал қарор диҳанд.

Гуфта шудааст, ки то ин муҳлат корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ронандагон, аз ҷумла шахсони худшуғл, оид ба тартиби нави муроҷиат ва гирифтани иҷозатнома ба роҳ монда шавад. Феълан дақиқ нест тартиби нав чӣ гуна хоҳад буд.

Ба иттилои манбаъ, чунин тартиб ба шаҳрвандоне низ дахл дорад, ки ба таври худшуғл ба мусоиркашонӣ машғуланд.

Яъне шахсони худшуғл метавонанд бо тартиби ягонаи электронӣ барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат намуда, фаъолияти худро дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монанд.

Манзур аз худшуғл эҳтимол таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ”-и пойтахт ҳам дар назар аст, ки мақомот кори онҳоро ғайрирасмӣ меномад.  

“Татбиқи қарорҳои мазкур ба ташаккули низоми шаффофу дастраси танзими фаъолияти мусофиркашонӣ тавассути таксиҳо, коҳиши расмиёти зиёдатӣ, қонунигардонии фаъолияти худшуғл ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон равона карда шудааст”,- таъкид шудааст дар иттилоияи шаҳрдории Душанбе.

Дар чанд соли ахир, ронандаҳои таксии “Ҷӯра” дар Душанбе борҳо шикоят кардаанд, ки новобаста аз кор кардан ё накардан  рӯзе ҳатман бояд 100 сомонӣ супоранд. Акнун ба иҷро даромадани қарори нав, онҳо дигар ҳар рӯз 100 сомонӣ пардохт намекунанд, вале тартиби нави корашон айни ҳол маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *