Дар Амонатбонк Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил карданд (аксҳо)
5 – уми ноябр дар Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бахшида ба 32 – юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони бонк ва намояндагони аҳли илм ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси Раёсати Амонатбонк Рукмина Сафарзода, доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфулло Муллоҷонов ва сардори идораи кормандони бонк С. Фаррухзода суханронӣ намуданд.





Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Конститутсия пояи давлатдории миллӣ, рамзи соҳибихтиёрӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва заминаи ҳуқуқии рушди иқтисодиёту низоми бонкии кишвар мебошад. Аз ҷумла, зикр шуд, ки риояи меъёрҳои Конститутсия дар фаъолияти бонкӣ аҳаммияти хос дошта, таъмини ҳуқуқи мизоҷон, хизматрасонии босифат, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва муносибати эҳтиромона ба шаҳрвандон аз принсипҳои асосии фаъолияти кормандони бонк ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, иштирокдорон аз нақши таърихии Конститутсия дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, имсол аз қабули он 32 сол сипарӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ