Ҳушдори Агентии обуҳавошиносӣ аз ҳавои чангбод
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки рӯзҳои 27 то 29-уми ноябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои хокбориш ё чангбод пешбинӣ мешавад.
Ин ниҳод расман иттилоъ додааст, ки чунин вазъ дар пайи хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад ба миён омада, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ намоянд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, Агентии обуҳавошиносӣ ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ