Маросими видоъ бо писари хурдии Лоиқ Шералӣ

Субҳи имрӯз, 24-уми ноябр даҳҳо тан аз пайвандону дӯстон ва алоқамандони осори  устод Лоиқ Шерлаӣ дар назди манзили фарзанди ӯ Сомон ҷамъ омаданд, то ӯро ба роҳи охират гусел намоянд.

Сомон Шералӣ, писари шоири маъруф Лоиқ Шералӣ, шоми 23-уми ноябр дар синни 54-солагӣ аз олам даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, марҳум се руз пеш сактаи мағзӣ гирифта буд.

Ҷанозаи Сомон Шералӣ дар масҷиди Имоми Аъзами шаҳри Душанбе баргузор шуда, марҳумро дар оромгоҳи маҳаллаи Навободи пойтахт ба хок супорданд.

Диловар Лоиқ, фарзанди Лоиқ Шералӣ ва бародари бузурги марҳум дар суҳбат ба хабарнигори Pressa.tj гуфт, Сомон бародари аз ҳама хурди онҳо солҳои зиёд дар Институти таърих ва бостоншиносӣ ҳамчун ходими илмӣ кор  мекард ва дар омузиши таъриху бостоншиносӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Афзалшо Шодиев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон  гуфт, Сомон инсони бисёр боадаб, донишманд ва  хоксор буд, вале афсуз ӯро аз даст додем.

Аз Сомон Шералӣ як писар ба ёдгор мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *