Таманниёти Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 октябр зимни суҳбати телефонӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфта, барояш саломатии бардавом ва муваффақиятҳои нав дар фаъолияти давлатӣ орзу кардааст.
Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо ба идомаи ҳамкории муштарак барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ таъкид намуданд.
Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ