Муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе Рӯзи ҷаҳонии кӯдакро ҷашн гирифтанд

Дар сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе, имрӯз 20-уми ноябр ба муносибати  Рӯзи ҷаҳонии кӯдак, бо иштироки гурӯҳе аз хонандагони мактаби «Сомониён»  маҳфиле баргузор гардид. Дар ин мактаб фарзандони муҳоҷирони афғон, паноҳҷӯёни афғонистонӣ таҳсил мекунанд.

Аз сафорати ҳукумати пешини Афғонистон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки дар чорабинӣ хонандагони мактаби «Сомониён» бо пешниҳоди барномаҳои гуногуни ҳунариву фарҳангӣ баромад намудаанд.  

Ба иттилои манбаъ, Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ ба аҳамияти таълиму тарбия дар ташаккули ояндаи кӯдакон таъкид кардааст.

«Кӯдакони дирӯз имрӯз дар ҷаҳон мояи ифтихор, пешрафт ва созандагӣ гардидаанд. Аммо, мутаассифона, дар Афғонистон бархе аз хонаводаҳо бидуни огоҳӣ ва шинохти кофӣ фарзандони худро дар муҳитҳое қарор доданд, ки ба ҷойи донишу маърифат ба онҳо ифротгароӣ ва занситезиро омӯзонданд. Ин амал барои кишвар пайомадҳои талхе ба бор овард”,-гуфтааст ӯ.

Вай кӯдаконро ба ниҳолҳои наврас ташбеҳ дода, таъкид намудааст, ки шахсият ва ояндаи онҳо маҳз дар ҳамин синну сол ташаккул меёбад ва аз ин рӯ, сафир бар зарурати тарбияи дурусти фикрӣ, таълиму роҳнамоии дурусти кӯдакон аз ҷониби хонаводаҳо ва муассисаҳои таълимӣ таъкид кардааст.

Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон (World Children’s Day) аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф шудааст. 20-уми ноябри соли 1959 Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва 20 ноябри соли 1989 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак қабул гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *