МегаФон Тоҷикистон: акнун сӣ “Устоди алоқа”!

Ду корманди ширкати МегаФон Тоҷикистон ба унвони олии касбии “Устоди алоқа” мушарраф шуданд. Боз ду корманди дигари ширкати “МегаФон Тоҷикистон” аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ ифтихорномаҳо гирифтанд.

Комрон Гадоев, роҳбари шуъбаи корбурди шабакаи пойгоҳӣ ва Сӯҳроб Шохӯҷаев, роҳбари шуъбаи корбурд ва таъминоти барқ сазовори унвони “Устоди алоқа” гардиданд. Ҳарду ду даҳсоларо барои кор дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бахшидаанд. Онҳо ин унвони фахриро барои саҳми назаррас дар рушди соҳа ва таъмини фаъолияти боэътимоди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ба даст оварданд. 

Дорандагони Ифтихорномаҳои Хадамоти алоқа низ собиқаи назарраси корӣ доранд. Абубакр Юсупов, роҳбари шуъбаи фурӯшҳои корпоративӣ ва Ҷамшед Назиров, роҳбари шуъбаи банақшагирии шабакаҳои магистралӣ ва иншооти кабелӣ-хаттӣ аз ҷумлаи чунин нафаронанд. 

“Дар моҳи сентябр мо ду солгарди идонаро ҷашн мегирем: 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Ширкат. Хурсандиовар аст, ки дар ин рӯзҳои мутантан мутахассисони пешбари мо бо ҷоизаҳои бонуфузи соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳоло ҳайати кормандони мо аллакай сӣ “Устоди алоқа”-ро дар бар гирифта, он яке аз қавитарин дастаҳои касбӣ дар соҳаи телекоммуникатсия маҳсуб меёбад!”, – шарҳ медиҳад Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *