Аввалин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ ба даст омад

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар Бозиҳои осиёии Айти – Нагоя аввалин медали Тоҷикистонро ба даст овард.

Ӯ дар мусобиқаи карате-до WKF дар вазни то 55 кг иштирок карда, мақоми сеюмро гирифт ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Бозиҳои осиёии соли 2026 рӯзи 19 сентябр дар шаҳрҳои Айти ва Нагояи Ҷопон оғоз шуда, то 4 октябр идома мекунанд. Дар ин мусобиқа варзишгарони 45 кишвар иштирок доранд. Тоҷикистонро дар Бозиҳои осиёӣ 105 варзишгар дар намудҳои гуногуни варзиш намояндагӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *