Таҷдиди 5 километр роҳ дар Бохтар
Бо дастгирии мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар ва ташаббуси Зайнулло Қаҳоров, соҳибкори ватанӣ беш аз 5 километр роҳ мумфарш карда шуд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон иқдоми соҳибкорро дастгирӣ намуда, барои саҳмгузорӣ дар ободии ватан ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуд.

Роҳи мошингард зиёда аз панҷ километр буда, ҳафт метр паҳнои дорад. Канори он барои пиёдагардон роҳрави алоҳида сохта шуда, истгоҳ барои нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам дорад. Ҳамчунин соҳибкор нақша гирифтааст, ки корҳои равшаннамоиро ҳам ба роҳ монад.
Зайнулло Қаҳҳоров яке аз соҳибкорони ҳимматбаланду ватандӯст буда, пайваста дар ободии маҳал ва ватани хеш саҳм мегузорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ