Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз, 21 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт неругоҳи офтобиро мавриди истифода қарор дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, неругоҳи мазкур дар масоҳати 793 гектар бунёд гардида, иқтидори пурраи он 250 мегаваттро ташкил медиҳад.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи неругоҳи офтобии Ашт корҳои сохтмонию васлкунӣ бо суръати баланд ба роҳ монда шуда, барои пайваст намудани неругоҳи нав ба низоми ягонаи энергетикии кишвар як қатор корҳои муҳимми инфрасохторӣ низ анҷом дода шудаанд.

Аз ҷумла, сохтмони хатти ҳавоии дузанҷираи 220 киловолта бо дарозии 9,8 километр аз неругоҳи мазкур то зеристгоҳи барқии 220/110/6 киловолтаи Ашт ба анҷом расонида шудааст.
Дар масири ин хат 36 поя насб гардида, барои интиқоли барқи ин неругоҳ ба низоми энергетикии кишвар заминаи зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Неругоҳи офтобии Ашт дар замоне ба истифода дода мешавад, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи энергетика, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия корҳои созандагӣ идома доранд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи офтобии Ашт манбаи истеҳсолии неруи барқ дар вилояти Суғд 61 фоиз зиёд гардид. Ин неругоҳи офтобӣ 40 дарсади талаботи вилояти Суғдро бо неруи барқ таъмин хоҳад кард.
Азбаски қисми асосии неруи барқи вилояти Суғд аз ҷануби кишвар аз масофаи тулонӣ интиқол мешавад, бо ба фаъолият оғоз намудани неругоҳи офтобии Ашт талафоти энергияи барқ низ кам мегардад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки иловатан неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 700 мегаватт дар вилояти Суғд дар соли 2027 сохта ба истифода дода шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ