Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи БДА дар Душанберо ба истифода дод

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, рӯзи 13-уми ноябр бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, ҳангоми ифтитоҳи ин бино таъкид гардид, ки  бунёди чунин иншоот дар самти беҳтар намудани шароити фаъолияти хизматӣ, баланд бардоштани самаранокии кори кормандон ва тақвияти хизматрасонӣ ба шаҳрвандон қадами муҳим ба шумор меравад.

default

Ба Президенти кишвар иттилоъ додаанд, ки бинои тозабунёд дорои 39 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳ бо 108 курсӣ, ошхона барои 80 кас, хобгоҳу  китобхона аст.

Дар ин бино бахши маркази назорати иншооти чароғакҳои роҳнамои Душанбе низ ҷойгир шудааст, ки дар он мутахассисон назорати идоракунии чароғакҳои роҳнамо ва пешгирӣ аз тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар пойтахти кишвар таъмин менамоянд.

Ба кормандони шуъбаи БДА-и раёсати ВКД дар  Душанбе аз ҷониби Президенти кишвар мошинҳои нави хизматӣ тақдим шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *