Ба чанде аз мансабдорони Панҷакент электромобил доданд

Ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 7 электромобил ё худ мошини барқӣ тақдим кардаанд.

Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раҷаб Аҳмадзода, раиси ин вилоят зимни як сафари корияш ба Панҷакент  дар маросими супоридани автомашинаҳои хизматӣ ширкат намуда, калиди 7 электромобилро ба масъулони шаҳр тақдим кардааст.

Тақдими чунин мошинҳои барқӣ ба масъулон, барои беҳтар намудани шароити корашон гуфта мешавад.

“Автомашинаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент харидорӣ гардида, барои истифодаи муовинони раиси шаҳр ва дигар масъулин ҷиҳати беҳтар намудани шароити фаъолият ва баланд бардоштани самаранокии кори хизматӣ пешбинӣ шудаанд”,-афзуд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *