Хадамоти алоқа ба сокинон: Бештар аз Wi-Fi истифода баред

Хадамоти алоқа аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар хона, ҷойи кор ва маконҳои ҷамъиятӣ бештар аз хидматрасонии Wi-Fi истифода баранд.

Ба иттилои хадамот, дар чанд соли охир ҳаҷми истифодаи трафики интернет ба ҳар як истифодабаранда беш аз 12 маротиба афзоиш ёфтааст. Ин раванд сарбориро ба шабакаҳои мобилӣ зиёд кардааст.

Хадамоти алоқа истифодаи Wi-Fi-ро яке аз роҳҳои коҳиш додани сарборӣ ба шабакаҳои мобилӣ арзёбӣ намуда, тавсия додааст, ки шаҳрвандон аз ин навъи пайвастшавӣ истифода кунанд.

Чунин тавсия дар ҳолест, ки шикоятҳо аз сифати пасти интернет миёни сокинон борҳо садо додааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳоло бо роҳандозии як пурсиши онлайнӣ мехоҳад назари мардумро дар бораи суръату сифати интернет ва дигар хидматрасониҳои соҳаи алоқа фаҳмад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *