Нахустнамоиши «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар Рӯзи Президент  баргузор мешавад

Филми муштараки таърихии Тоҷикистону Ӯзбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ», ки ба зиндагӣ, дӯстӣ ва фаъолияти ду абармарди адабиёти Шарқ – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ бахшида шудааст, 16-уми ноябр, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе намоиши махсус хоҳад дошт.
 
Дар ин бора 12 – уми ноябр директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ, ки дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров баргузор гардид, иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, намоиши махсуси филм 16-уми ноябр, соати 17:00, бо иштироки аъзои Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, ҳайати эҷодии филм, намояндагони доираҳои илмию фарҳангӣ, мутахассисони соҳа, рӯзноманигорон ва дӯстдорони синамо баргузор мегардад.

Маҳмадсаид Шоҳиён таъкид намуд, ки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» яке аз лоиҳаҳои муҳими муштараки синамогарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев амалӣ гардидааст.

Аз дӯстии ду нобиға то воқеаҳои таърихии асри XV

Филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар жанри драмаи таърихӣ офарида шуда, воқеаҳои солҳои 1469–1492-ро дар бар мегирад.

Ҳодисаҳои асосии филм дар шаҳрҳои бузурги Хуросону Мовароуннаҳр, аз ҷумла Ҳирот ва Астаробод, ҷараён мегиранд.
Дар меҳвари асар муносибатҳои дӯстона ва устодиву шогирдии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ қарор доранд. Тавассути сарнавишти ин ду чеҳраи барҷастаи адабиёт, масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он давра бозтоб меёбанд.

Аз ҷумла, филм талошҳои Ҷомӣ ва Навоиро барои ҳалли мусолиматомези низоъҳои сиёсӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди илму фарҳанг инъикос мекунад.

Дар баробари қаҳрамонҳои асосӣ, дар асар симои як қатор шахсиятҳои маъруфи таърихӣ, аз ҷумла Султон Ҳусайн Бойқаро, Камолиддин Беҳзод, Узун Ҳасан, Ёдгор Мирзо, Маҷдуддини Хофӣ ва Паҳлавон Муҳаммад низ таҷассум ёфтааст.

Нақши ровии воқеаҳои филм ба наққоши барҷастаи асри XV Камолиддин Беҳзод вогузор шудааст. Тавассути нақли ӯ тамошобин бо рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, муносибатҳои қаҳрамонон ва фазои сиёсиву фарҳангии он замон ошно мегардад.

Наворбардорӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Тавре дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, наворбардории филм дар маконҳои таърихии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин павилонҳои киностудияҳои «Тоҷикфилм» ва «Ӯзбекфилм» анҷом ёфтааст.

Барои бозофаринии муҳити таърихии асри XV ба таҳияи либосҳои саҳнавӣ, ороиши чеҳраи ҳунармандон, интихоби маконҳои наворбардорӣ, омода намудани ашёи саҳнавӣ ва истифодаи василаҳои муосири синамо таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.

Дар филм саҳнаҳои мураккаби муҳориба, манзараҳои таърихӣ ва воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ бо истифода аз технологияҳои муосири наворбардорӣ ва эффектҳои махсус таҳия гардидаанд.

Ба эҷоди филм дар баробари синамогарони Тоҷикистону Ӯзбекистон, мутахассисон ва коршиносони хориҷӣ низ ҷалб шудаанд.

Коргардонҳои таҳиягари филм аз ҷониби Тоҷикистон Файзулло Файзов ва аз ҷониби Ӯзбекистон Дилмурод Масаидов мебошанд. Дар таҳияи филмнома Маҳмадсаид Шоҳиён, Сафар Ҳақдодов ва Рустам Ҷабборов иштирок кардаанд.

Нақши Абдураҳмони Ҷомиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир ва нақши Алишери Навоиро ҳунарпешаи ӯзбек Илҳом Бердиев иҷро мекунанд.

Давомнокии филм 144 дақиқа буда, он барои тамошобинони аз ҳафтсола боло пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи муштараки фарҳангии ду кишвар

Филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» аз ҷумлаи лоиҳаҳои бузурги муштараки фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор меравад.

Тасмими таҳияи он ҳанӯз соли 2021 дар сатҳи роҳбарони ду кишвар гирифта шуда буд. Баъдан гурӯҳҳои корӣ ва эҷодии Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таҳияи филмнома, интихоби ҳунармандон ва муайян намудани маконҳои наворбардорӣ чандин мулоқот баргузор карданд.

19-уми апрели соли 2024 протоколи ҷаласаи комиссияи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳияи филмнома ба тасвиб расид.

Наворбардории филм соли 2025 дар Тоҷикистон оғоз ёфта, баъдан дар Ӯзбекистон идома пайдо кард.

Ин асар ба яке аз давраҳои муҳими таърихи муштараки ду халқ рӯ оварда, тавассути симои Ҷомӣ ва Навоӣ арзишҳои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила, донишпарварӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро таҷассум мекунад.

Аз ин рӯ, филм на танҳо аҳамияти бадеӣ, балки арзиши таърихию маърифатӣ низ дорад. Он метавонад барои шиносоии насли ҷавон бо зиндагӣ ва мероси адабии ду мутафаккири бузург замина фароҳам оварад.

Рӯзноманигорон ба саволҳои худ посух гирифтанд

Дар нишасти матбуотии 12-уми ноябр намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.
Рӯзноманигорон ба масъалаҳои марбут ба ҷараёни наворбардорӣ, интихоби ҳунармандон, таҳияи либосҳои таърихӣ, забони филм, истифодаи технологияҳои муосир ва ҳамкориҳои минбаъдаи синамогарони ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар посух масъулон оид ба марҳалаҳои таҳияи асар, фаъолияти гурӯҳи эҷодӣ ва аҳамияти ин ҳамкории синамоӣ маълумот пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таҳия шудааст.
Қарор аст, намоиши махсуси филм 16-уми ноябри соли 2026, соати 17:00, дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *