Баррасии ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ миёни Тоҷикистону Русия

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Владимир Путин, ҳамтои русаш рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар бахшҳои гуногун баррасӣ кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, ин мулоқот 12 -уми ноябр дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуда, Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои раёсати Русия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро баланд арзёбӣ кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардиданд, вале ҷузъиёти бештар дода нашудааст.

“Сатҳи баланди муколамаи сиёсӣ бо ишораи хос ба аҳамияти татбиқи пайвастаи мувофиқаҳои дуҷонибаи қаблан бадастомада таъкид гардид”,-гуфтааст манбаъ.

Миёни роҳбарони ду кишвар оид ба таъмини амният ва субот дар минтақа мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Ҳарду ҷониб алоқамандии худро ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуногунҷанба сохтани сохтори гардиши молу маҳсулот тасдиқ кардаанд.

Ҷонибҳо зарфиятҳои фаровони ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтори нақлиётию логистикӣ ва коммуналӣ таъкид намудаанд.

“Имкониятҳои нави рушди ҳамкорӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва амнияти киберӣ таъкид гардид. Дар бахшҳои гуманитарӣ ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд”,-навиштааст дафтари матбуоти Президент.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, рӯзи 10-уми ноябр бо сафари корӣ барои ширкат дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Маскави Русия сафар карда, 11- уми ноябр дар ин ҷаласа атрофи мавзуҳои мухталиф суханронӣ намуд.

Раёсати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ соли 2027 аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад. СААД аз Русия, Беларус, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иборат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *