Қайсари Фарғона. Гузориш аз маҳфили 70 – солагии Марямбонуи Фарғонӣ (аксҳо)
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии нависанда, шоир ва рӯзноманигори шинохта, Нависандаи халқии Тоҷикистон Марямбонуи Фарғонӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар он адибону адабиётшиносон, рӯзноманигорон, дӯстону ҳамкорон ва пайвандони нависанда иштирок карда, аз рӯзгори пуршебу фароз, фаъолияти эҷодӣ, саҳми ӯ дар рушди насру публитсистикаи тоҷик ва талошҳояш барои ҳифзи забону ҳувияти миллӣ ёдовар шуданд. Дар маҳфил таъкид гардид, ки Марямбонуи Фарғонӣ бо осори худ на танҳо сарнавишти зан, балки дарду ормонҳои миллати тоҷикро таҷассум кардааст.
Адибе, ки сарнавишташ бо сарнавишти миллат пайванд дорад
Маҳфилро Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳусни оғоз бахшида, аз мақоми Марямбонуи Фарғонӣ дар адабиёти муосири тоҷик сухан гуфт.
«Марямбонуи Фарғонӣ адибест, ки сарнавишташ бо сарнавишти миллати мо гиреҳ хӯрдааст. Ӯ дар эҷодиёти худ дарду ормонҳои миллатро инъикос намуда, ба масъалаҳои муҳими ҷомеа таваҷҷуҳ кардааст», – зикр кард Табарӣ.
Ӯ аз талошҳои пайвастаи нависанда дар роҳи эҷод ва мавқеи шаҳрвандии ӯ ёдовар шуд.
Абдурауф Муродӣ, нависанда ва рӯзноманигор, ки солҳои зиёд бо Марямбонуи Фарғонӣ ҳамкорӣ кардааст, аз марҳалаҳои ташаккули шахсияти адабии ӯ сухан гуфт.

Ба андешаи Муродӣ, таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ва муҳити адабию фарҳангии ин шаҳри бостонӣ ба ҷаҳонбинии нависанда таъсири амиқ гузоштааст.
«Марямбону баъдан ба Душанбе омад ва ормонҳои эҷодии худро амалӣ сохт. Меҳри Ватан дар осори ӯ аз зодгоҳ оғоз мешавад ва тадриҷан мазмуни фарохи миллиро касб мекунад», – таъкид намуд Муродӣ.
Ӯ ҳамчунин нақши пешаи рӯзноманигориро дар шинохти воқеиятҳои ҷомеа ва ташаккули назари иҷтимоии нависанда муҳим арзёбӣ кард.
Марямбону зани мубориз аст
Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, Марямбонуи Фарғониро зани мубориз ва адиби пайваста дар талош номид.
Ба гуфтаи ӯ, Марямбону ҳанӯз пеш аз узвият дар Иттифоқи нависандагон ба Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Борис Пастернак сазовор гардида буд.

«Ин ҳама натиҷаи талошҳои пайвастаи Марямбону аст. Ӯ аз ҷумлаи адибонест, ки бо заҳмату ҷустуҷӯ ҷойгоҳи худро дар адабиёт пайдо кардааст», – гуфт Аскар Ҳаким.
Шоир таъкид кард, ки дур будани зодгоҳи Марямбону аз Тоҷикистон эҳсоси пайванди ӯро бо сарзамини аҷдодӣ қавитар гардонидааст.
Аскар Ҳаким чопи ду китоби нависандаро дар Эрон низ дастоварди муҳим арзёбӣ намуд.
«Нашри китобҳои Марямбону дар Эрон нишонаи эътирофи эҷодиёти ӯст. Ин на танҳо дастоварди шахсии нависанда, балки муваффақияти адабиёти тоҷик мебошад», – иброз дошт ӯ.
Ҳамчунин, ба фаъолияти Марямбону дар шабакаҳои иҷтимоӣ ишора карда, гуфт, ки нависанда пайваста масъалаҳои забон, фарҳанг ва ҳувияти миллиро матраҳ месозад.

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, аз сафараш ба зодгоҳи Марямбону – ноҳияи Сӯх ёдовар шуд.
«Ман як шаб дар Сӯх будам, зебоиҳои он диёрро дидаам. Сӯх фарҳанги ғанӣ ва фарзандони бузург дорад. Табиист, ки Марямбону ба ин сарзамин чунин меҳру муҳаббати амиқ дорад», – гуфт ӯ.
Абдулҳамид Самад Марямбонуро бонуи ҷасуру соҳибирода номида, таъкид кард:
«Марямбону умеди рафтагони Фарғонаву Сӯх аст, ки имрӯз дар миёни мо нишастааст. Ӯ бағайрат аст, Гурдофарид аст. Ба қавле, ниме зи Фарғона, ниме зи Туркистон».
Абдураҳмони Абдуманнон, мунаққид ва адабиётшинос, низ ба ҷасорату устувории нависанда ишора кард.
Ӯ аз суханони устод Муъмин Қаноат ёдовар шуда, гуфт: «Устод Қаноат Марямбонуро қайсари Фарғона меномиданд. Ин таъбир ба хислату иродаи ӯ бисёр мувофиқ аст».
Аз воқеияти зиндагӣ то асарҳои бадеӣ
Эҳсон Сафарзода, муовини ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, ки солҳои зиёд дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» фаъолият кардааст, аз ҳамкориҳои худ бо нависанда нақл намуд.
Ӯ таъкид кард, ки бисёре аз қиссаву ҳикояҳои Марямбону заминаи воқеӣ доранд ва аз мушоҳидаҳои рӯзноманигории ӯ сарчашма мегиранд.

Аз ҷумла, Сафарзода аз сафари муштараки хидматӣ ба ноҳияи Варзоб ёдовар шуда, гуфт, ки яке аз воқеаҳои он сафар баъдан барои офаридани қиссаи «Ишқи лӯлидухтар» замина гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ, Марямбону ҳамчун рӯзноманигор ба мушкилоти мактабу маориф таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта, барои инъикоси масъалаҳои соҳа заҳмати зиёд кашидааст.
Камоли Қурбониён, рӯзноманигори шинохта ва муаллифи китоби «Журналист барои ҳамеша», ки яке аз қаҳрамонони он Марямбонуи Фарғонӣ мебошад, аз фаъолияти журналистии нависанда сухан гуфт.
Ӯ ёдовар шуд, ки номи аслии нависанда Марям Эшонҷонова буда, тахаллуси «Фарғонӣ»-ро бо пешниҳоди Фотеҳ Абдулло ихтиёр кардааст.
Қурбониён аз пешқадамии Марямбону дар ҷодаи зиндагӣ эҷод ёдоварӣ карда гуфт, ки “Марямбонуи Фарғонӣ нахустин зани нависанда аст, ки узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шудааст, нахустин бонуи нависанда аст, ки ба дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Борис Пастернак ва Садриддин Айнӣ ва сазовор шудааст ва унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро гирифтааст.”
Публитсистикае, ки бояд таҳқиқ шавад
Ноилшо Нурализода, номзади илмҳои филология, фаъолияти публитсистии Марямбонуи Фарғониро бахши муҳими мероси эҷодии ӯ арзёбӣ намуд.
«Марямбону дар навиштани жанрҳои классикии публитсистика очерк, лавҳа ва мухбирнома маҳорати баланд дорад. Имрӯз ба баъзе аз ин жанрҳо камтар таваҷҷуҳ мешавад. Аз ин рӯ, публитсистикаи ӯ бояд ба таври ҷудогона омӯхта шавад», – гуфт Нурализода.
Одил Нозир низ зарурати гирдоварӣ, таҳқиқ ва нашри осори публитсистии нависандаро таъкид кард.


«Мусоҳибаҳои Марямбону бо Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, очеркҳояш дар бораи Барно Исҳоқова, София Бадалбоева, Марям Исоева, Мағфират Ҳамроқулова ва дигар чеҳраҳои илму адабу фарҳанг бояд дар як китоб гирдоварӣ ва нашр шаванд», – пешниҳод намуд ӯ.
Одил Нозир ҳамчунин ба таҳлили насри Марямбону пардохта, таъкид кард, ки дар меҳвари қиссаву ҳикояҳои ӯ масъалаҳои хонавода, модару падар, зодгоҳ, ишқ ва хотира қарор доранд.
Ӯ махсусан ба романи «Таманно» таваҷҷуҳ намуда, гуфт:
«Дар маркази асар сарнавишти занест, ки фоҷиаҳои ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо зиндагии иҷтимоӣ, балки ҷаҳони равонии ӯро низ ба ҳам рехтаанд».
Ба андешаи Одил Нозир, осори Марямбонуи Фарғониро метавон дар заминаи мафҳуми адабиётшиносии «насри занона» баррасӣ кард.
«На ба он хотир, ки муаллиф зан аст, балки аз он сабаб, ки дар осори ӯ зан аксаран маркази воқеаҳо ва меҳвари ахлоқии асар қарор мегирад. Нависанда тавассути сарнавишти зан муносибати ҷомеаро ба озодӣ, ишқу муҳаббат, шараф ва ҳувият месанҷад», – таъкид кард ӯ.
«Эҷодиёти Марямбону тоҷикнома аст»
Расулбеки Аҳмадзод, шоире, ки аз ноҳияи Сӯхи Ӯзбекистон ба маҳфил омада буд, шеъри ба Марямбону бахшидаашро қироат намуд.

Ӯ сазовор шудани Марямбонуи Фарғониро ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон мояи ифтихори сӯхиён, мардуми Фарғона ва тамоми тоҷикони Ӯзбекистон арзёбӣ кард.
Қироншоҳ Шарифзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва рӯзноманигор, ба бунёди миллии эҷодиёти Марямбону таваҷҷуҳ намуда, гуфт:
«Эҷодиёти Марямбону сӯхнома нест, фарғонанома нест, ӯзбекистоннома нест, балки тоҷикнома аст».

Ба андешаи ӯ, ҳарчанд муҳити зодгоҳ дар осори нависанда мақоми муҳим дорад, мазмуну муҳтавои он аз доираи як маҳал фаротар рафта, арзишҳои умумимиллиро фаро мегирад.
Шарифзода бо ишора ба хизматҳои Марямбону дар ҳифзу муаррифии фарҳанги тоҷикони Ӯзбекистон афзуд: «Агар унвони “Тоҷики хизматнишондодаи Ӯзбекистон” вуҷуд медошт, Марямбону бешак сазовори он буд».
Марямбонуи Фарғонӣ кист?
Марямбонуи Фарғонӣ (Марям Эшонҷонова) 11-уми ноябри соли 1956 дар деҳаи Ровони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Соли 1977 Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм намуда, то соли 1984 дар зодгоҳаш омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик буд.
Соли 1985 ба Душанбе омада, дар Маркази методии Вазорати маориф ва баъдан дар нашрияҳои «Паёми Душанбе», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Фирӯза» ва «Истиқбол» фаъолият кардааст.
Ӯ муаллифи китобҳои «Афсонаи тамаддун», «Ҳадиси Риштон», «Хуморшикан», «Чаҳор қисса», романи «Таманно» ва маҷмуаҳои шеърӣ мебошад. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии адабии ба номи Борис Пастернак, Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва нахустин бонуест, ки ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сазовор гардидааст.
О. Нозир, pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ