Қазоқистон интиқоли гандум ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад
Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаи афзоиши интиқоли гандум ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ карданд.
Қарор аст, ки ду кишвар дар баробари зиёд кардани ҳаҷми савдо, ҳамкориро дар бахшҳои зироаткорӣ, чорводорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшанд.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон, ин масъала дар мулоқоти вазири кишоварзии ин кишвар Айдарбек Сапаров бо ҳамтои тоҷикаш Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Остона, дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шудааст.
Яке аз масъалаҳои асосии мулоқот иҷрои қарордоди интиқоли 100 ҳазор тонна гандум буд, ки миёни «Корпоратсияи озуқаворӣ»-и Қазоқистон ва Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон ба имзо расидааст.
То имрӯз аз ҳаҷми пешбинишуда 50 ҳазору 800 тонна гандум ба Тоҷикистон расонида шудааст. Ҷонибҳо мувофиқа кардаанд, ки интиқоли маҳсулот идома ёфта, ҳаҷми минбаъдаи он бо назардошти талаботи бозори Тоҷикистон муайян карда шавад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар нуҳ моҳи соли 2026 гардиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ байни ду кишвар аз 564 миллион доллар гузаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,5 дарсад зиёд мебошад. Аз ин маблағ 550,2 миллион доллар ба содироти маҳсулоти Қазоқистон рост меояд.
Соли равон Қазоқистон ба Тоҷикистон тақрибан 1,1 миллион тонна ғалладона, аз ҷумла наздики 900 ҳазор тонна гандум содир кардааст. Ҳамчунин, содироти равғани офтобпараст, маҳсулоти лӯбиёгӣ ва гӯшт аз Қазоқистон ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Бознашр аз ҳафтаномаи “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ