Миёни Тоҷикистону JICA бо маблағи 1,8 миллион доллар созишномаи грантӣ ба имзо расид

Миёни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) созишномаи нави гартанӣ ба имзо расид.

Созишномаро рӯзи 11-уми ноябр Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар ва Ёшимаса Такемура, роҳбари намояндагии Агентии байналмилалии Чопон дар Тоҷикистон ба имзо расонидаанд.

Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, созишнома оид ба лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ буда, маблағи он 1,8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ҳадафи асосии лоиҳа мусоидат ба таҳкими ҳамкории дуҷониба тавассути фароҳам овардани шароит барои хизматчиёни давлатӣ ба хотири гирифтани дараҷаҳои илмии магистратура ва докторантура дар донишгоҳҳои олии Ҷопон гуфта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *