Раёсати СААД соли 2027 ба Тоҷикистон мегузарад

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар  ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ қабули изҳороти Шурои амнияти дастҷамъӣ оид ба тақвияти ҳамкорӣ барои мубориза бо терроризмро дастгирӣ намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, 11- уми ноябр зимни нишасти ин созмон дар шаҳри Маскави Русия, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, бар ин боваранд, ки тақвияти СААД бояд бар асоси эътимоди мутақобила, ба назар гирифтани манфиатҳои кишварҳои аъзо ва иҷрои пайвастаи ӯҳдадориҳои қабулшуда сурат бигирад.

Раёсати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (СААД)  соли 2027 аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад.

“Президенти кишвари мо изҳор доштанд, ки дар давоми раёсатамон дар Созмон, мо ният дорем, ки талошҳои худро ба тақвияти минбаъдаи амнияти минтақавӣ бар асоси шиори раёсат – “Амнияти дастҷамъӣ: таҳкими марзҳо, суботи минтақавӣ, масъулияти муштарак” равона созем”,-навиштааст манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон ба баргузории чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии таъсиси СААД ва 35-умин солгарди имзои Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аҳамияти хос хоҳанд дод.

Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ аз Русия, Беларус, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иборат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *