Эълони нишасти матбуотӣ барои муаррифии филми «Ҷомӣ ва Навоӣ»
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» эълон намуд, ки дар остонаи нахустнамоиши филми муштараки таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ» нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.
Ба иттилои ин ниҳод, нишасти матбуотӣ пагоҳ, 12-уми ноябр, соати 15:00 дар кинотеатри ба номи «Тоҳир Собиров»-и «Тоҷикфилм» баргузор мегардад.

Мавзӯъи ин нишаст муаррифии филм, раванди таҳия, ҳайати эҷолдӣ ва аҳмияти фарҳангиву таърихии лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон мебошад.
Нахустнамоиши филми муштараки синамогарони Тоҷикистону Ӯзбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бошад 16-уми ноябри имсол бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» маҳсули ҳамкории синамогарони Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, ба зиндагӣ ва муносибати ду чеҳраи бузурги адабу фарҳанги Шарқ – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ