Хуросон: саҳми соҳибкорон дар таъмири роҳҳо назаррас аст

Имсол дар ноҳияи Хуросон бо саҳми сокинону соҳибкорон 3 километр роҳи мошингард мумфарш, наздики 50 километр роҳҳои байни деҳа ва се пул таъмиру навсозӣ шудаанд.

Сироҷ Ибодзода, сардори Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Хуросон ба Pressa.tj гуфт, соҳибкорону сокинон дар бозсозии пул ва роҳҳои мошингард саҳми назаррас доранд.

“Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону сокинон бо харҷи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ 3 километр роҳи мошингарди маҳаллӣ пурра мумфарш гардида, ҳамчунин бо саҳми онҳо наздики 50 километр роҳҳои байни деҳа сангфар ва се пули мошингузар пурра навсозӣ шудааст”, – афзуд вай.

Ӯ гуфт, давоми сол аз буҷети маҳаллии ноҳияи Хуросон барои таъмири ҷории роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта бештар аз 140 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст ва бо истифода аз ин маблағ ба қадри имкон пул ва роҳҳои мошингард таъмир мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *