ДМТ: Густариши ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Чин

10-уми ноябри соли 2026 ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректор Эмомалӣ Насриддинзода дар ҷаласаи 17-уми Шурои роҳбарони Донишкадаи Конфутсий иштирок намуд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, рушди минбаъдаи фаъолияти Донишкадаи Конфутсий, густариши робитаҳои илмию таълимӣ, такмили раванди таълим ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суханронӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба анъанаҳои неки ҳамсоягӣ, эҳтироми мутақобил ва эътимоди устувор такя менамоянд. Бо ҳидоят ва талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ин муносибатҳо ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав баромада, барои тавсеаи робитаҳои ду кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд.
Зикр карда шуд, ки ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар, аз ҷумла дар самти омӯзиши забон, табодули таҷрибаи илмию таълимӣ, татбиқи барномаҳои муштараки академӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос, дар таҳкими заминаҳои муносибатҳои дарозмуддати байнидавлатӣ нақши муҳим доранд.

Ҳамзамон, ҳамкорӣ дар самти мутобиқ намудани таҳсилот ба талаботи муосири бозори меҳнат, тақвияти омодасозии мутахассисони дорои дониш, малака ва салоҳиятҳои рақобатпазир, забономӯзии ҷавонон, истифодаи самараноки имкониятҳои технологияҳои муосир дар фаъолияти таълимию илмӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.

Ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкориҳои судманд дар самтҳои илму маориф, омодасозии кадрҳои баландихтисос, табодули академӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки таълимию илмӣ иброз намуда, доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *