Селу боронҳои шаби гузашта дар Тоҷикистон мушкили сокинонро бештар кард?
Cелу боронҳои шаби 10 ба 11-уми ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлитро мушкил намуда, дар бархе роҳҳои пиёдагрд об ҷамъ шуда, гаштугзори сокинонро ҳам душвор кардааст.
Дар навори баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки шаби гузашта дар натиҷаи боридани борони зиёд, об то дохили даромадгоҳи манзили баъзе сокинон расидааст.
Дар бархе шоҳроҳои кишвар низ аз боридани барф иттилоъ доданд.
Ширкати IRS, масъулияти нигаҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ аз лағзиши кӯҳпора хабар дод, ки бар асари боридани борони пуршиддат рух додааст.
Ба иттилои ин ширкат, дар пайи боришоти пуршиддату давомдори борону барф дар якчанд қитъаи роҳи Душанбе – Чаноқ лағзиши кӯҳпора сурат гирифтааст.
“Ба маконҳои мазкур фавран техникаҳои филиали ширкат сафарбар шуда, оқибати офати табиӣ бетаъхир бартараф карда шуд”,-гуфтааст, ширкати IRS.
IRS дар саҳифаи фейсбукии худ бо пахши чанд навор дар хитоб ба ронандагону мусофирон гуфтааст, рафтуомад нақлиёт тавассути роҳи зикршуда таъмин аст.
Мақомот дар бораи хисороти селу боронҳои шаби гузашта то ҳол расман маълумот надодаанд.
Қаблан Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз сардиҳои рӯзҳои охир ва боронҳои бошиддату омадани сел сокинонро ҳушдор дода буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ