Аз сифати интернет қонеъ ҳастед? Хадамоти алоқа пурсиш мегузаронад

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо роҳандозии як пурсиши онлайнӣ мехоҳад назари мардумро дар бораи суръату сифати интернет ва дигар хидматрасониҳои соҳаи алоқа фаҳмад.

Ба иттилои ин ниҳод, пурсиш оид ба омӯзиши қаноатмандии аҳолӣ аз хидматрасониҳои соҳа дар соли 2026,  дар доираи татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои то соли 2040, сурат мегирад.

Ҳадаф аз роҳандозии он муайян намудани мушкилот ва таҳияи пешниҳодҳо барои беҳтар кардани сифати алоқа, интернет ва хидматрасонӣ ба муштариён гуфта мешавад.

Сокинон метавонанд ба таври онлайн, тавассути телефон ё компютер дар ин пурсиш иштирок намуда, назари худро баён кунанд.

Хадамоти алоқа мегӯяд, пурсиш махфӣ буда, ному насаб ва маълумоти иштирокчиён ошкор карда намешавад.

Дар пурсишнома саволҳои гуногун, аз қабили қонеъ будан ё набуан  аз суръату сифати интернет, нархи хидматрасониҳо ва сифати алоқаи мобилӣ пешниҳод шудааст.

Барои ширкат дар ин назарпурсӣ, Хадамоти алоқа дар саҳифаи Телеграм-канали  худ “QR” ва пайванди ворид шудан ба онро нишон дода, аз мардум хостааст, ворид шуда, назари худро гӯянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *