Литсеи “Дурахшандагон” – и Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Душанбе литсеи “Дурахшандагон” – и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Дар ифтитоҳи расмии ин муассисаи таълимӣ имрӯз, 10 ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, литсеи Дурахшандагон дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷойгир аст.
“Он дорои 28 синфхона, маҷлисгоҳ бо 160 курсӣ, китобхона, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, хобгоҳ, ҳуҷраи шоҳмот, ду толори варзишӣ барои мусобиқаҳои волейболу футболи хурд ва тамрини муҳорибаҳои тан ба тан мебошад”, – иттилоъ додааст манбаъ.

default

Дар муассисаи нави таълимӣ барои таҳсили 640 хонанда шароит фароҳам аст. Дар синфхонаҳои фанҳои дақиқ, лингафонӣ ва зеҳни сунъӣ хонандагон метавонанд донишҳои муосирро аз бар намоянд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шудааст, ки соли 2026 бори нахуст дар литсей наврасон аз синфи 8 ба таҳсил фаро гирифта шуд ва минбаъд қабули довталабон тариқи озмун ва супоридани имтиҳонҳои хаттӣ сурат мегирад.
Бинои хобгоҳи литсей дорои 69 ҳуҷра буда, барои 274 нафар пешбинӣ шудааст.

Дар саҳни бино майдончаи сафороӣ ва лавҳаи хотиравӣ бунёд гардида, нимпайкараи намояндагони илму адаби тоҷик гузошта шудааст. Ҳамчунин, 3 майдончаи варзишӣ барои обутоби бадан ва баргузории мусобиқаҳои футболи хурду волейбол бунёд гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *