Аз Русияву Украина то… Нигерия. Издивоҷ бо хориҷиён дар Хатлон

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 10 нафар бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ кардаанд.

Гулчеҳра Раҳмон, мудири шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, давоми 9 моҳи имсол  10 ҳолати ақди нигоҳ бо шаҳрвандони ҳориҷиро ба қайд гирифтаанд.

Ба қавли ӯ, дар ин давра дар Хатлон  4 зан ва шаш марди тоҷикистонӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд.

Ҳамсуҳбати мо таъкид намуд, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо хориҷиён издивоҷ кардаанд,  асосан аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Ҷайҳун, Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд.

“Шаҳрвандони мо бо сокинони Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии исмломии Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Украина ва Ҷумҳурии Нигерия ақди никоҳ бастаанд”,-афзуд ӯ.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки дар маҷмуъ издивоҷи шаҳрвандони кишвар бо хориҷиён  кам шудааст.

Ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон,  дар шаш моҳи аввали соли равон 42 мавриди ақди никоҳи шаҳрвандони кишвар бо хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд сабт шудааст.

Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли 2025 16 маврид камтар будааст.

Қонунгузории кишвар хориҷиёнро вазифадор мекунад, пеш аз издивоҷ бо шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари ояндаи худро бо манзили зист таъмин кунанд. Шарти дигар ин аст, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд дастикам як соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *