Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, рӯзи 10-уми ноябр бо сафари корӣ ба Русия рафт.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Маскави Русия сафар кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Тоҷикистонро раиси Маҷлиси миллӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, котиби Шурои амнияти Тоҷикистон, вазири мудофиа, ёрдамчии Президент  оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *