Аз риояи қатъии интизом то вазъи мураккаби ҷаҳон. Президент ба кормандони милитсия чӣ гуфт?
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон роҳбарони мақомоти корҳои дохилиро вазифадор намуд, ки оид ба риояи қатъии интизоми хизматӣ ва одобу фарҳанги муносибат бо шаҳрвандон тадбирҳои доимӣ андешанд.
Ӯ ин нуктаро, рӯзи 10-уми ноябр дар ҳамоише ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иброз дошта, ҳамчунин миннатдории худро барои хизмати содиқона ва шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, афсарону сарбозон ва собиқадорон иброз дошт.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, як қатор вазифаҳо гузоштааст.
“Дар робита ба шароити муосир, ки шаклу усулҳои ҷинояткорӣ пайваста тағйир меёбанд, роҳбарони мақомот ва сохторҳои онҳо вазифадор шуданд, ки дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон, риояи қатъии интизоми хизматӣ ва одобу фарҳанги муносибат бо шаҳрвандон тадбирҳои доимӣ андешанд”, – изҳор доштааст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Вай ҳамчунин дар робита ба масъалаи беҳтар намудани шароити хизмат, мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ, таъмини фаъолияти самараноки кормандон, сохтмони биноҳои маъмурии раёсатҳои ВКД дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, суҳбат кардааст.
“Вобаста ба вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву амниятии ҷаҳони муосир ва пайомадҳои ногувори он таъкид шуд, ки мо тавассути тақвият бахшидани пояҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ кишварро аз таъсири манфии равандҳои зикршуда эмин нигоҳ дорем”,-навиштааст манбаъ.

Дар Тоҷикистон ҳамсола 10-уми ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар Душанбе ва шаҳру навоҳии кишвар нишасту чорабиниҳо баргузор шуда, аз нақши онҳо дар таъмини амнияту суботи кишвар ва пешгирии ҷиноятҳо гуфта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ