Ҷабборов номзадияшро ба интихоботи президентии Қирғизистон пешниҳод кард

Содир Ҷабборов, Президенти Қирғизистон номзадии худро барои ширкат дар интихоботи президентии ин кишвар, ки қарор аст 27-уми январи соли оянда баргузор гардад, пешниҳод кардааст.

Дар ин бора  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 10-уми ноябр, Содир Ҷабборов бо ариза ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар муроҷиат карда, номзадии худро ба мақоми президенти Қирғизистон бо тартиби худпешбар ё ба унвони номзади мустақил пешниҳод намудааст.

Гуфта мешавад, то 10-уми ноябри соли 2026 ба Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон аризаи 6 нафар барои ширкат дар интихоботи президентӣ ворид шудааст.

Содир Ҷабборов аз моҳи январи соли 2021 президенти Қирғизистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *