20 ҳазор тонна бензин, раёсати СПАД, муҳоҷират ва мусоҳиба бо Марямбонуи Фарғонӣ – дар шумораи нави «Тоҷикистон»


Шумораи нави ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (№45, аз 11 ноябри соли 2026) бо хабарҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ, таҳлилҳои байналмилалӣ, баррасии мушкилоти иҷтимоӣ, мусоҳибаи ихтисосӣ бо адиби шинохта ва матолиби ҷолиби фарҳангиву варзишӣ ба нашр расид.
 
Яке аз мавзуъҳои меҳварии ин шумора масъалаи содироти 20 ҳазор тонна бензини навъи АИ-92 аз Қазоқистон ба Тоҷикистон мебошад. Нашрия дар матлаби «20 ҳазор тонна бензин. Қазоқистон ба Тоҷикистон содир мекунад» ҷузъиёти мувофиқаи ду кишвар, вазъи воридоти сӯзишворӣ ва таъсири эҳтимолии ин иқдом ба бозори дохилиро баррасӣ кардааст. Дар ҳамин саҳифа хонандагон метавонанд бо омори воридоти маҳсулоти нафтӣ ва масъалаи интиқоли 100 ҳазор тонна гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон шинос шаванд.

Дар бахши сиёсӣ матлаби «Раёсати СПАД ба Тоҷикистон гузашт» нашр шудааст. Он ба натиҷаҳои нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Маскав, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва раёсати Тоҷикистон дар ин созмон аз соли 2027 бахшида шудааст.

Ҳамчунин, дар матлаби «Ҳушдори Сироҷиддин Муҳриддин» мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон ва аҳамияти сулҳу субот дар ин кишвар барои амнияти Осиёи Марказӣ инъикос ёфтааст.

Маводи дигари муҳими шумора «Ашӯриён дар СММ чӣ гуфт?» мебошад. Дар он натиҷаҳои баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои пешгирии шиканҷа, зӯроварӣ дар оила, ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон ва озодии баён мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.

«Ҷинояткорӣ 40% кам, аммо “депорт” ду баробар афзуд» – чунин ном дорад матлаби таҳлилии ҳафтанома дар бораи сиёсати муҳоҷиратии Русия. Дар он бо такя ба омори расмӣ коҳиши ҷинояткории шаҳрвандони хориҷӣ, афзоиши ихроҷи муҳоҷирон ва сахттар шудани қоидаҳои будубош дар Русия баррасӣ шудааст.

Дар саҳифаи «Мушкилот» хабарнигори нашрия Машраби Аловиддин дар матлаби «Панҷ. Вазъи ногувори Хоҷагии манзилию коммуналӣ» аз камбуди техникаи махсус, мушкилоти молиявӣ ва вазъи ҷамъоварии партов дар ноҳияи Панҷ гузориш медиҳад. Дар ҳамин бахш масъалаи фаъолияти таксиҳои маъруф ба «10-сомонӣ» дар шаҳри Душанбе низ матраҳ шудааст.

Аз матолиби хондании шумора мусоҳибаи ихтисосӣ бо адиби шинохта Марямбонуи Фарғонӣ таҳти унвони «Зиндагӣ бароям арсаи талош аст» мебошад. Ин суҳбат ба муносибати 70-солагии адиб анҷом шуда, дар он аз рӯзгори кӯдакӣ дар Сӯх, муҳити хонаводагӣ, роҳи эҷодӣ, арзишҳои маънавӣ ва ҷойгоҳи сухану адабиёт дар зиндагии ӯ сухан меравад.
Дар бахши фарҳанг ҳамчунин матлаби «Сафири фарҳанги мо дар Тошканд» ба муносибати 85-солагии зодрӯзи шоир, тарҷумон ва рӯзноманигор Ҷонибек Қувноқ нашр шудааст.

Матлаби «Санги ёдгорӣ ба ифтихори фарзанди Фароб» бошад, аз маросими ба номи генерал-майор Худойқул Ҳамроқулов гузоштани мактаби миёнаи №10 дар деҳаи Фароби шаҳри Панҷакент ва хизматҳои ӯ дар назди давлату миллат қисса мекунад.

Дар саҳифаи «Ҷомеа» хонандагон метавонанд аз издивоҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони Русия, Нигерия ва кишварҳои дигар дар вилояти Хатлон, инчунин афзоиши саршумори бузи нодири кӯҳии морхӯр дар Тоҷикистон огоҳ шаванд.

Дӯстдорони варзиш низ дар шумораи нав матолиби ҷолиб пайдо мекунанд. Дар бахши «Варзиш» аз 12 медали паҳлавонони тоҷик дар чемпионатҳои ҷаҳонии кураш ва самбо, натиҷаҳои чемпионати футболи Тоҷикистон ва дигар рӯйдодҳои муҳими варзишӣ хабар дода шудааст.

Дар баробари ин, саҳифаҳои «Канзи шифо», «Чеҳра», «Мавлуднома» ва «Шакарханд» бо матолиби тиббӣ, тавсияҳо оид ба пешгирӣ ва табобати зуком, ёдкарди шахсиятҳои маъруф ва маводи фароғатӣ пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Ин ва дигар матолиби ҷолибро дар шумораи нави ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

Рӯзнома зиёд, «Тоҷикистон» яктост!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *