Дар Бохтар аз саҳми Президент дар барқарорсозии сулҳ гуфтанд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Президент ва 34-солагии Иҷлосияи XVI -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон» чорабинӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ устодон ва донишҷуёни донишгоҳ иштирок намуданд. Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим таъкид кард, ки Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми сарнавиштсоз дорад.


“Барои барқарории сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард”,-афзуд ӯ.
Дар ин ҳамоиш, мушовири ректори донишгоҳ Амиршоҳи Хатлонӣ, ки аз иштирокчиёни иҷлосияи мавриди назар аст, аз нақши таърихии иҷлосия дар сарнавишти миллати тоҷик ва саҳми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ёдова шуд.
Эшбурӣ Исанқулов, иштирокчии дигари Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйдодҳои муҳими он давра ёдовар шуда, доир ба фазои мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар ва аҳаммияти қарорҳои қабулгардида ибрози назар намуд.
Дар бахши фарҳангии чорабинӣ хонандагони литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар бо композитсияи адабию саҳнавии «Аз оташи ҷанг то шуълаи сулҳ» баромад намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ