Нархи семент дар Тоҷикистон дигарбора боло рафт
Нархи семент дар Тоҷикистон дигарбора боло рафта, бархе сокинон мегӯянд, арзиши он дар баъзе ҷойҳо аз 80 сомонӣ ҳам гарон шудааст.
Чанд тан аз тоҷирон, ки дар мағозаҳои атрофи Душанбе ба тиҷорати семент машғуланд, гуфтанд, як халта сементро бо арзиши 70 то 72 сомонӣ мефурӯшанд. Вале харидорон бар инанд, ки ҳар халта сементро бо арзиши 75-80 сомонӣ ва гоҳе аз ин ҳам гарон дастрас мекунанд.
Рӯзи 12-уми ноябр аз корхонаи “Хуаксин Ғаюр Семент” ба Pressa.tj гуфтанд, арзиши сементро боло набурдаанд ва дар болоравии нарх шояд тоҷирон даст доранд. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, бо вуҷуди он ки корхона бо иқтидори пуррааш кор мекунад, вале талабот ба семент ҳоло бештар шудааст.
Хабарнигори Pressa.tj дар баробари гаронии нархи семент, камчинии онро дар бархе мағозаҳо мушоҳида кард. Тоҷирон намехоҳанд дар бораи гаронии ин масолеҳи сохтмонӣ ошкоро суҳбат кунанд ва танҳо камчинии сементро тасдиқ мекунанд.
Болоравии нархи семент ва камчинии он дар моҳи майи имсол нигаронии сокинонро ба миён оварда буд. Он замон нархи як халта семент аз 50 ба 70 сомонӣ расид.
Дар охири моҳи майи имсол, пас аз суҳбати Президенти кишвар дар бораи истеҳсол, камчинӣ ва гаронии нарх, арзиши семент поин рафт, вале ҳоло дигарбора гарон шудааст.
Афзоши нархи семент дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 4,2 миллион тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,7 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи дурнамои тасдиқкардаи Ҳукумати кишвар, соли оянда истеҳсоли семент бояд ба 5,8 миллион тонна расонида шавад. Иҷрои ин дурнамо то куҷо метавонад ба поин рафтани нарх таъсир гузорад, феълан маълум нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ