Ба беш аз 40 зани тоҷик дар Русия қоидаҳои муҳоҷиратро фаҳмониданд
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки бо бонувони муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки дар яке аз корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Твери ин кишвар кор мекунанд, мулоқот баргузор намудаанд.
Ба иттилои намояндагӣ, дар мулоқот ба зиёда аз 40 нафар занҳои тоҷик, тағйирот дар қонунгузории муҳоҷират дар Русия, тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иқомат, гирифтани патент, пардохтҳои ҳатмӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро фаҳмонидаанд.
“Ҳамзамон, ба иштирокчиён оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва гароиш ба гурӯҳҳои ифротӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод гардиданд”,-афзуд манбаъ.
Ҳамасола барои дарёфти ҷойи кору маоши муносиб ҳазорҳо нафар, бо шумули занҳо аз Тоҷикистон ба Русия мераванд.
Дар чанд соли ахир, Русия қонунгузориҳои худро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ сахттар намуда, ҳадаф аз инро пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва муҳоҷирати ғайрирасмӣ арзёбӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ