Дар Душанбе беморхонаи байналмилалӣ ба истифода дода шуд
Дар пойтахти Тоҷикистон Беморхонаи байналмилалии Душанбе ба истифода дода шуд, ки бо технологияи муосир таъмин буда, дастгоҳҳои ташхисияш бо имкониятҳои ҳуши маснуӣ муҷаҳҳазанд.
Ин беморхонаро рӯзи 13-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе мавриди истифода қарор додаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои иншооти нав, риояи меъёрҳои байналмилалии хидматрасонии тиббӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба саломатии шаҳрвандон дастуру тавсияҳо додааст.

Беморхона барои дар як вақт ба ташхис фаро гирифтани 1200 мизоҷ ва хобондани 150 бемор пешбинӣ шуда, дорои 30 шуъба аст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин беморхона аз сабти номи беморон то ташхис, табобат ва пешниҳоди натиҷаҳои муоина бо истифода аз технологияи рақамӣ, дар низоми ягонаи иттилоотӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дастгоҳҳои ташхисии беморхона бо имкониятҳои зеҳни сунъӣ муҷаҳҳаз буда, барои ташхиси дақиқи бемориҳои мағзи сар, дил, шуш, сутунмуҳра ва дигар узвҳо пешбинӣ гардидааст.
“Беморхона бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, озмоишгоҳӣ ва тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки миёни ин таҷҳизот дастгоҳи томографияи магнитӣ-резонансии бо иқтидори 3 Тесла мавқеи махсус дорад”,- навиштааст дафтари матбуоти Президент.

Дар ин муассисаи тиббӣ 186 мутахассиси ватанию хориҷӣ ба кор қабул шудаанд, ки дар оянда бо пурра ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаҳо то 420 мутахассис соҳиби кори доимӣ хоҳанд шуд.
Манбаъ мегӯяд, дар беморхона хизматрасониҳои махсуси кардиология, педиатрия, неврология, нейрохирургия, урология, гинекология, офталмология, стоматология ва дигар самтҳои тиббӣ ба роҳ монда шудаанд.

Тавре дафтари матбуоти Президент навиштааст, дар ин муассиаи тиббӣ шуъбаи махсуси чек ап (сheck-up) низоми мукаммали муоинаи пешгирикунандаро пешниҳод намуда, барои арзёбии вазъи умумии саломатӣ ва ошкорсозии саривақтии бемориҳо пешбинӣ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ