Ҷашнвораи VII байналмилалии «Иди атлас» дар Марғелон

Аз 17 то 19 сентябр дар маҷмааи илмиву маърифатӣ ва сайёҳии Бурҳонуддини Марғинонӣ, воқеъ дар шаҳри Марғелони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон Ҷашнвораи VII байналмилалии «Иди атлас» баргузор гардид. Дар он ҳунармандони санъати дастӣ  қариб аз бист кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистону Эрон ширкат карданд.

Аз суҳбат бо Маҷиди Замонӣ бармеояд, ки вай бори нахуст дар чунин ҷашнвора иштирок кардааст.

– Ман аз шаҳри Гургони устони Гулистон, воқеъ дар шимоли Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин ҷашнвора омадам. Номи шаҳрҳои Марғелону Фарғонаро қаблан шунида будам ва орзу мекардам, ки ин шаҳрҳоро бо чашмони худ бинам ва бо мардуми онҳо ошно шавам. Ин орзуи ман ҷомаи амал пӯшид, – гуфт бо хушҳолӣ ин ҳунарманди эронӣ.

Вай афзуд, ки ҳамроҳи ӯ боз се нафар бо маҳсулоти худ дар ин ҷашнвора ширкат варзиданд. Ба гуфтаи Маҷид Замонӣ, дар вақтҳои фориғ аз чорабинӣ тавонист аз Маркази ҳунармандони санъатҳои дастии шаҳри Марғелон, боғи истироҳату фароғати ба номи Аҳмади Фарғонии шаҳри Фарғона ва чанд ёдгории меъмориву таърихии он боздид намояд ва бо чанд тан аз ҳамзабонони фарғонагии худ низ дидору мулоқот кунад.

– Чанде муқаддам дар ҷашнвораи байналмилалии шаҳри Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё ширкат намудем. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати ду марди хирадманду сулҳдӯст – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар аз сар гирифта шуда, сол аз сол тавсеа меёбанд ва дӯстиву рафоқати миёни халқҳои тоҷику ӯзбек боз ҳам бештар таҳким меёбад, – мегӯяд ҳунарманди тоҷик аз вилояти Суғд Муҳаббат Раҳмонова.

Ба гуфтаи ӯ, аз вилояти Суғд Мавҷуда Набиева, Раҳматулло Нуруллоев ва Сулаймонхон Султонов низ дар ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат варзида, маҳсулоти худро ба маърази тамошо ва фурӯш гузоштанд. Ин ҷашнвора мусоидат намуд, ки онҳо бори дигар бо ҳамтоёни ӯзбеки худ ва иштирокчиёни дигари чорабинӣ робита барқарор карда, роҳҳои ҳамкории минбаъдаро барномарезӣ намоянд.

Аз рӯи натиҷаҳои намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ, ки онро ҳайати ҳакамони байналмилалӣ – коршиносон аз Ӯзбекистон, ИМА, Фаронса ва ЮНЕСКО  баҳогузорӣ карданд, як гурӯҳ ҳунармандон ғолиби ҷашнвора эълон шуданд. Дар байни онҳо Алӣ Ризо аз Эрон дар номинатсияи «Барои тафсири анъанаҳои гулдӯзии шарқӣ» ғолиб дониста шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

вилояти ФАРҒОНА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *