Боздошти сокини ноҳияи Дӯстӣ бо гумони паҳни маводи порнографӣ
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 54-солаи ноҳия Сангинов Акбарҷонро бо гумони паҳн намудани маводи дорои хусусияти порнографӣ муайян кардаанд.
Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, номбурда аз соли 2023 тавассути шабакаи иҷтимоии «VK» бо номи «Агент Романов» ва барномаи «WhatsApp» бо номи «Росторг» ба дигар истифодабарандагон маводи дорои хусусияти порнографӣ ирсол ва паҳн мекардааст.
Зимни санҷиш телефони мобилии тамғаи «Samsung Galaxy A22s 5G» ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуда, барои таҳқиқи техникӣ ирсол шудааст.Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба Сангинов А. бо қисми 3-и моддаи 241 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ