Муҳаққиқ ва устоди журналистикаи тоҷик (видео)
22 сентябри соли равон ба 86 – солагии зодрӯзи профессор Асадулло Саъдуллоев рост меояд. Номбурда доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва аз муҳаққиқони барҷастаи журналистика ва публитсистикаи тоҷик буд. Асадулло Саъдуллоев соли 1940 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст.
Соли 1962 факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти касбии ӯ бо ҳам журналистика ва ҳам омӯзгорӣ пайванд дошт.
Дар телевизиони давлатӣ ва рӯзномаҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон» ва «Тоҷикистони советӣ», ки имрӯз «Ҷумҳурият» ном дорад, фаъолият кардааст. Солҳои 1984 – 1987 дар Донишгоҳи Кобул низ дарс гуфтааст.
Аз соли 1980 фаъолияти омӯзгории ӯ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз шуд. Солҳои 1992 – 2002 ва 2007 – 2009 роҳбарии кафедраи марбут ба назария ва таърихи журналистикаро ба уҳда дошт ва дар ташаккули мактаби илмии омӯзиши публитсистика ва насри мустанади тоҷик саҳми муҳим гузошт.
Соли 1978 рисолаи номзадиашро оид ба публитсистикаи Мирзо Турсунзода ва соли 1996 рисолаи докториашро дар бораи ташаккул ва инкишофи жанрҳои насри мустанади тоҷик ҳимоя кард.
Профессор Саъдуллоев муаллифи беш аз 50 асар ва зиёда аз ҳазор маводи публитсистӣ буд. Таҳти роҳбарии ӯ 15 муҳаққиқ рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд.
Ӯ барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва дорандаи медали «Хизмати шоиста» буд.
Асадулло Саъдуллоев 4 феврали соли 2016 аз олам даргузашт.
Имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев фаъолият мекунад – нишоне аз идомаи мактаби илмии ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ