Ифтитоҳи Маркази дастгирии оила ва кӯдак дар шаҳри Хуҷанд
Имрӯз, 22 сентябр дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, корҳои сохтмонии иншооти иҷтимоии мазкур аз моҳи октябри соли 2025 оғоз гардида, он бо иқдоми ватандӯстонаи соҳибкорони ватанӣ аз ҷониби ҶДММ “Қолинҳои Қайроқум” бо тарҳи зебо, сифати баланд ва инфрасохтори муосири хизматрасонӣ ба кӯдакон бунёд гардидааст.
Дар бинои нави муассиса ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, утоқҳои алоҳида барои гурӯҳҳои доимӣ ва кӯтоҳмуддат, шуъбаи модару кӯдак, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҷойҳои ёрирасон бо шароиту имкониятҳои васеъи хизматрасониву тавонбахшӣ ба кӯдакон фароҳам гардидааст.
Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд бо номи “Навниҳоли Ватан” бо шароити муосири тавонбахшиву хизматрасонӣ дар пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва фарҳангии шахсони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл ва дигар табақаҳои ниёзманди наврас мусоидат намуда, ба таври шоиста ҳуқуқи кудаконро ба нигоҳубин, тандурустӣ, таҳсил, тарбия ва рушд таъмин менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ