Дастаи бонувони шоҳмотбози Тоҷикистон Белгияро мағлуб кард
Дастаи занонаи Тоҷикистон дар даври шашуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Самарқанд бар тими Белгия бо ҳисоби 2,5:1,5 пирӯз шуд.
Марворид Насриддинзода ва Надежда Антонова ғолиб омаданд, Нозанин Маҳмудова мусовӣ кард ва Рухшона Саидова мағлуб шуд.
Пас аз шаш давр дастаи занонаи Тоҷикистон 8 имтиёзи даставӣ дорад ва дар байни 189 даста мақоми 55-умро ишғол мекунад.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон бошад, аз Чехия бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ҷалолиддин Илҳомӣ ва Меҳриддин Шарифов мусовӣ карданд, Муҳаммад Ҳусенхоҷаев ва Амин Қабилов мағлуб шуданд.
Дастаи мардона низ 8 имтиёз дошта, дар байни 206 даста дар ҷойи 50-ум қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ