Абдунабӣ Сатторзода: Девони Рӯдакиро дар Исроил бояд ҷуст…

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола 22 сентябр таҷлил мегардад, китоби нави раиси Бунёди Рӯдакӣ, адабиётшиноси маъруф, профессор Абдунабӣ Сатторзода таҳти унвони «Устод Рӯдакӣ (рӯзгор, осор, нашр, таҳқиқ, паём, сабк ва ҷойгоҳ)» ба нашр расид. Ин асар фарогири паҳлуҳои гуногуни рӯзгор, мероси адабӣ ва ҷойгоҳи Одамушшуаро дар таърихи адабиёти форсу тоҷик буда, ба масъалаҳои муҳими рӯдакишиносӣ рӯшанӣ меандозад. Ба ин муносибат, мо бо профессор Абдунабӣ Сатторзода перомуни китоби тозанашр, масъалаҳои баҳсноки рӯзгору осори Рӯдакӣ, дастовардҳо ва мушкилоти рӯдакишиносии муосир суҳбате оростем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони гиромӣ мегардонем.

Устод беш аз ҳазор сол аст, ки дар бораи Рӯдакӣ менависанд ва беш аз як аср аст, ки рӯдакишиносӣ ба маънои илмиаш вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин, агар аз шумо бипурсанд, ки се масъалаи муҳимтарини ҳанӯз ҳалнашудаи рӯдакишиносӣ кадоманд, кадом масъалаҳоро ном мебаред?

Муҳаққиқон оғози таърихи омӯзиши аҳволу осори устод Рӯдакиро аз ибтидои асри XIX дар Аврупо донистаанд ва аз ҷумла асари шарқшиноси фаронсавӣ Амеде Журден «Эрон»-ро аввалин асар дар бораи Рӯдакӣ шуморидаанд. Ҳол он ки маълумоти дар ин асар роҷеъ ба Рӯдакӣ сабт гардида, аз иттилооти  «Хизонаи омира» ва «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ нақл шудааст. Бино бар ин, ба назари мо, таърихи омӯзиши аҳволу осори Рӯдакиро  бояд аз замони худи ӯ шурӯъ кард. Ҳарчанд аз тазкираву осори адабиётшиносии  замони  Сомониён чизе  боқӣ намондааст, вале ишораҳои Шаҳиди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Маъруфии Балхӣ, Дақиқӣ, Абузироъаи Гургонӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва монанди инҳоро метавон нахустин иттилоот роҷеъ ба устод Рӯдакӣ донист, зеро он ишораҳо ҳар як аз  ҷанбаҳои аҳволу осори шоири бузургро равшан менамоянд.

Се масъалаи муҳимтарине, ки ҳанӯз дар рӯдакишиносӣ ҳал нагардидаанд, инҳоянд:

1. Ҷустуҷӯ ва гирдоварии осори боқимондаи устод Рӯдакӣ аз китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии дунё.

Мо бояд, пеш аз ҳама, нусхаҳои хаттии китобхонаҳои гуногуни олам, ба хусус Ҳиндустону Покистон ва Туркияву Муғулистонро ба таври ҷиддӣ баррасӣ намуда, ашъори парешони шоирро ҷамъоварӣ намоем ва барои пайдо кардани девони аслии шоир кӯшиши лозим кунем. Зиндаёд Тоҷиддин Мардонӣ гумони яқин бар он дошт, ки «на танҳо дар китобхонаҳои Қудс, балки дар китобхонаҳои азими Туркия, Ироқ, Сурия, Миср, Арабистони Саудӣ ва ғайра нусхаҳои бисёр дастнависҳои осори адибону олимони асрҳои миёнаи форсу тоҷикро пайдо кардан мумкин аст, ки аслан ҳатто сарлавҳаҳои онҳо дар феҳристҳои имрӯза дарҷ нагардидаанд» . Аз ҷумла донишманди тоҷик, тавре ки дар яке аз суҳбатҳояш бо мусоҳиби шумо изҳор дошта буд, имон бар он дорад, ки дар байни он дастнависҳо нусхаи асли девони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ мавҷуд аст. Кашфи нусхаи асли девони устод Рӯдакӣ, ки гумон меравад бар асари ҳаводиси рӯзгор аз байн рафтааст, инқилобе дар рӯдакишиносӣ хоҳад кард ва бо он марҳалаи сифатан нави ин шохаи адабиётшиносӣ оғоз хоҳад шуд. Зимнан, раҳматӣ Тоҷиддин Мардонӣ ба камина ҳамчунин изҳор дошта буд, ки чанд маротиба ба мақомоти расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва давлатӣ муроҷиат карда буд, то заминаро барои сафари илмии ӯ омода созанд, мутаассифона, дастгирӣ наёфт. Ваҷҳи тақозои сафар ба Исроил аз ҷониби ӯ он буд, ки дар феҳристи яке аз китохонаҳои ин мамлакат нусхаи “Девони Рӯдакӣ” зикр гардида буд. Зимнан, ин донишманд боре ҳам ба хотири дарёфти нусхаи Девони Рӯдакӣ аз ҳисоби худаш ҳамчун сайёҳ сафаре ба Исроил дошт, вале, мутаассифона, вақте ки бо эроншиноси маъруф Михаил Занд ба китобхонаи мавриди назараш ташриф оварда буданд, он рӯзҳо он китобхонаи шахсиро тармим мекарданд ва дарҳояш ба рӯйи муҳаққиқон баста буд.

2. Таҳия ва нашри саҳеҳи девони устод Рӯдакӣ.

Пажӯҳишгари шинохтаи эронӣ Алии Равоқӣ зиёда аз бист чопи девони устод Рӯдакӣ дар Эрон ва хориҷ аз он ҷумла се нашреро, ки дар Душанбе ва Олматӣ анҷом ёфтаанд, ҳадафмандона баррасӣ намуда, ба хулосае омадааст, ки дар байни онҳо нашрҳои нисбатан хубе ҳастанд, вале боз ҳам ҳанӯз нашри саҳеҳи девони Рӯдакӣ, девони ашъори комилан мӯътамаду тасҳеҳёфтаи шоир ба вуҷуд наомадааст.

Ҳанӯз ҳам дар баёзу сафинаҳои хаттии китобхонаҳои Ҳиндустону Покистон, Туркияву Озарбойҷон, Гурҷистону Арманистон, Тоҷикистону Ӯзбекистон гумони яқин меравад, ки  абёти кашфнашудаи Рӯдакӣ мавҷуданд. Бесабаб нест, ки солҳои охир дар  натиҷаи талошу ҷустуҷӯйҳои донишмандон Аҳрор Мухторов, З.Н.Ворожейкина, Алиашрафи Содиқӣ, Аҳмад Абдуллоев, Аскар Иршодии Саробӣ, Саиднуриддин Шаҳобудинов, Саъдоншо Имронов, Масъуди Қосимӣ ва дигарон чанд байту пораҳои тозаи ашъори Рӯдакӣ ба даст омадаанд, ки ба маҷмӯъаҳои чопии шоир ворид нагаштаанд. Бинобар тахмини Тоҷиддин Мардонӣ нусхаи Девони Рӯдакӣ дар яке аз китобхонаҳои шахсии Исроил мавҷуд аст. Ӯ гумон дорад, ки шояд нухае аз девони Рӯдакӣ дар китобхонаҳои ал-Қудс, Сурия, Миср, Арабистони Саудӣ мавҷуд бошад.  Вақти он расидааст, ки маҷмӯъаи ҷомеъи осори боқимондаи Рӯдакӣ чоп карда шавад, зеро танҳо матни саҳеҳу ба замони шоир наздик метавонад асоси устувори таҳқиқоту баррасиҳои судманди илмӣ қарор ёбад.

3. Таҳқиқи усулии мероси устод Рӯдакӣ.

Осори боқимондаи шоир  бояд ба таври амиқ таҳқиқ шавад, рози бузургии шоир ва мондагории  осори ӯ ошкор гардад.

– Шумо дар барномаи Бунёди Рӯдакӣ таҳияи “матни интиқодии ашъори Рӯдакӣ”-ро вазифаи аввал гузошта будед. Аз он замон беш аз даҳ сол гузашт, вале муҳаққиқон ҳанӯз аз зарурати чунин нашр мегӯянд. Чаро то имрӯз мо як “Девони Рӯдакӣ”-и ниҳоии аз нигоҳи матншиносӣ муътамад надорем? Монеа дар дастрас набудани дастнависҳост, ихтилофи муҳаққиқон аст ё набудани як гурӯҳи доимии байналмилалии матншиносӣ?

– Омода намудани “матни интиқодии ашъори Рӯдакӣ” кори осоне нест. Барои ин, нахуст, бояд тамоми китобхонаҳои расмӣ ва шахсии дар дунё мавҷударо дид, осори боқимондаи шоирро гирдоварӣ кард, сониян, онро нуктасанҷона ҳаматарафа таҳқиқу тафтиш ва тасҳеҳу тасбит намуд, ки моли устод Рӯдакӣ аст. Монеи асосӣ набудани Маркази таҳқиқии расмии  ҷудогонаест, ки танҳо бо рӯдакишиносӣ машғул хоҳад буд ва барои анҷоми корҳое, ки ба рӯдакишиносӣ зарур аст, сармоя ва ҳайати илмии заруриро дорад. Чанд сол пеш, замоне, ки камина дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мудирии шуъбаи таърихи адабиётро ба ӯҳда доштам, аз зарурати таъсиси чунин маркази ҷудогона ба таври хаттӣ ба раёсати онвақтаи Институти мазкур ва роҳбарони вақти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод намуда будам. Роҳи дигаре ва илоҷи дигаре нест.

Бо мақсади густариши корҳои ҷамъоварӣ, таҳқиқу тарғиби ашъору осори шоир таъсиси як маркази илмии байналмилалии рӯдакишиносӣ зарур аст. Рӯдакӣ, тавре устод Садриддин Айнӣ таъкид карда буд, мояи ифтихори тоҷикон аст, аз ин рӯ, мо бояд дар накӯдошту шинохти ӯ ва нашру тарғиби осораш чизеро дареғ надорем.

– Яке аз мушкилтарин масъалаҳо интисоби шеърҳост: кадом байт воқеъан аз Рӯдакист ва кадомаш баъдтар ба ӯ нисбат дода шудааст? Шумо дар китобатон “Аз Рӯдакӣ то Лоиқ” барои “шеъри рӯдакивор” се хусусияти асосӣ – содагию табиӣ, тозагию бикрӣ ва камоли таносуби лафзу маъниро муайян кардаед. Оё имрӯз танҳо бо меъёри сабк метавон асолати як байтро муайян кард, ё барои ҳукми илмӣ ҳатман санади дастнависӣ, забоншиносӣ ва таърихи низ лозим аст?

Шинохти Рӯдакӣ ва шеъри ӯ  дар замонааш бо андешаҳое аз қабили гуфтаҳои Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ ва дигар ҳамасрони шоир оғоз гардида, сипас дар навиштаҳои адибону адабиётшиносоне, мисли Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Муҳаммад Авфии Бухороӣ ва Шамси Қайси Розӣ идома ёфта буд. Аз он айём то ба имрӯз дар тӯли беш аз 1000 сол аҳли илму адаби Шарқу Ғарб аз Рӯдакӣ ёд оварда, шеъри ӯро пайваста мавриди нақду баррасӣ қарор додаанд. Дар ин муддат рӯдакишиносӣ ба ҳайси як шохаи ҷудогонаи адабиётшиносӣ шакл гирифт ва рӯдакишиносон ба туфайли кӯшишу заҳматҳои зиёд дар замина асарҳои воқеан шоиста ва арзишмандеро ба вуҷуд оварданд, монанди асарҳои Садриддин Айнӣ “Устод Рӯдакӣ” (1940), Саид Нафисӣ – «Аҳвол ва ашъори Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакии Самарқандӣ» (1930-1940) ва нашри нави он зери унвони «Муҳити зиндагӣ ва аҳвол ва ашъори Рӯдакӣ» (1962) дар се ҷилд, Михаил Занд – “Соҳибқирони шоирӣ – устод Рӯдакӣ” (1957), Абдулғанӣ Мирзоев – «Абу Абдуллоҳи Рӯдакӣ» (1958) ва Адурраҳмон Тоҳирҷонов «Рӯдакӣ. Зиндагӣ ва офариниш. Таърихи тадқиқ» (1968, ба русӣ). Аз арзиши фавқулодаи ин панҷ рисола ҳамин ҳам гувоҳ аст, ки онҳо барои пажӯҳишҳои оянда заминаи асосӣ ва боэътимод гардиданд. Ин муаллифон ва дигар рӯдакишиносон, метавон гуфт, ки корҳои асосиро дар заминаҳои шинохти шахсияти шоир, барқарор кардани зиндагиномаи ӯ, кашф, гирдоварӣ ва нашри осор ва баёни муҳтавои навиштаҳо ва афкори вай анҷом додаанд.

Аммо бо дарки тамоми масъулият бояд ҳамчунин ёдовар шавем, ки рӯдакишиносӣ то ҳанӯз ба шинохти Рӯдакӣ ба сифати устоди аввали шеъри форсии тоҷикӣ ва бузургтарин шоири форсигӯӣ муваффақ нагардидааст. Рӯдакишиносон асосан бо зикри он ки Рӯдакиро «сари шоирон», «устоди шоирони ҷаҳон», «одамушшуаро», «султони шоирон», «соҳибқирони шоирӣ» номидаанд ва фалон бузургон аз ӯ ном бурдаанд ва фалониҳо ба шеъраш пайравӣ намудаанд ва ба ҳамин қабил гуфтаҳо қаноат кардаанд. Рӯдакӣ чӣ касе буд, чӣ ном дошт, падару модараш кӣ буданд, зодгоҳаш куҷост, дар куҷо ва чӣ илмҳоро омӯхтааст, дар дарбори кӣ буд, чӣ асарҳое офаридааст, аз он навиштаҳо чӣ боқӣ мондааст, оё он офаридаҳое, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, моли ӯст ё каси дигаре, дар кадом мавзӯъҳо навиштааст ва ғ. ва ҳ.к., бидуни ҳеч шакку шубҳае, масъалаҳои хеле муҳимманд, онҳоро бояд омӯхт ва пайгирӣ кард. Вале, агар андаке амиқтар мулоҳиза кунем, мебинем, ки ин ҳама корҳое, ки дар ин заминаҳо то имрӯз анҷом додаем ва ё дар оянда ба итмом расониданием, дар асл аз як омодагие барои шинохти дуруст ва воқеъии чеҳраи Рӯдакии шоир ва шеъри ӯ беш нест, зеро бузургии ин ва ё он шоир, дар айни ҳол Рӯдакӣ, пеш аз ҳама, дар чигунагии шеъри ӯ, тарзи суханаш, ҳунари гӯяндагияш зоҳир мегардад. Фақат дар сурати ошкор намудани сирри ҳунари шоирии Рӯдакӣ мо метавонем бигӯем, ки мо ӯро шинохтем ва донистем, ки чаро ӯро дар шеъри форсии тоҷикӣ бузург шуморидаанд ва ба кадом сабабҳое устоди аввал – бунёдгузор ё падари ин адабиёт номидаанд ва эътироф кардаанд. Дар акси ҳол, ҳамаи суханҳое, ки дар ҳаққи ӯ ва шеъраш гуфтаем ва гуфтанӣ ҳастем, умумӣ, безамина, берабт ва тасодуфӣ ба назар мерасад. Дар омади гап, бояд бигӯем, ки омӯзиши ҷанбаҳои ҳунарии адабиёти форсии тоҷикӣ аз заифтарин бахшҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабии на танҳо тоҷикӣ, балки умуман эронӣ ва афғонистонӣ мебошад. Фаслу бахшҳое, ки дар баъзе аз таърихҳои адабиёт ва таълифоти илмӣ дар бораи сабки Рӯдакӣ мавҷуданд, умумӣ ва нокофӣ ҳастанд.

 Дар рӯдакишиносӣ дар тадқиқи ҳунари шоирии Рӯдакӣ қадамҳои нахустинро донишмандони маъруфи тоҷик Расул Ҳодизода ва Баҳром Сирус мутаносибан бо мақолаҳои “Дар бораи санъати назми Рӯдакӣ” (1958)  ва “Оид ба вазни ашъори Рӯдакӣ” (1958)    гузошта буданд. Вале инсоф он аст, ки бигӯем, қадамҳои ҷиддиро пажӯҳишгари номии эронӣ Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ дар фасли “Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ” дар китоби “Сувари хаёл дар шеъри форсӣ” (1340/1961)  ва  узви вобастаи АИ ҶТ, тоҷикшиноси номии рус И.С. Брагинский дар мақолае бо номи «Дар бораи маҳорати шоирии Рӯдакӣ»  бардошта буданд, ки он ба сифати замима ба маҷмӯаи русии «Рӯдакӣ. Шеърҳо» (1964) ва баъдтар ба ҳайси фасли ҷудогона дар рисолаи муаллиф «Абӯ Абдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ» (1989) омадааст.  Донишманди сонӣ эътироф намудааст, ки барояш ба навиштани ин пажӯҳиш дар чунин як мавзӯъи басо муҳим тахмини илмии устод Садриддин Айнӣ ва муҳаққиқи эронӣ Муҳаммад Муин дар бораи саҳлу мумтанеъ будани шеъри шоир боис шудааст.  Ба дунболи онҳо чанд нафари дигар низ ба тадқиқи ин масъала даст задаанд, ба шумули Муҳаммаднурӣ  Усмонов дар «Сабки шеъри форсии тоҷикӣ дар асрҳои IX-X» (1974),  Абдулҳусайни Зарринкӯб. Аносири бадеъӣ дар шеъри Рӯдакӣ (1355/1977),  Абдунабӣ  Сатторзода дар мақолаҳои «Тазоди зиндагӣ дар таносуби шеър» (1987), «Шеъри ҳолия дар замони Сомониён» (1999) ва “Рӯдакӣ ва шеъри рӯдакивор” (2008) , Ҳамид Зарринкӯб “Аносири бадеъӣ дар шеъри Рӯдакӣ” (1367/1988) , Субҳон Амир дар рисолаи «Байти парниён» ва ё маромномаи Рӯдакӣ» (1999),  Масъуди Фарзод “Арӯзи Рӯдакӣ” (1385/2006) , Бадриддин  Мақсудов “Вижагиҳои тасвир дар шеъри Рӯдакӣ” (2008) , Абдулқайюми Қавим “Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ” (1388/2009) , Муҳаммадтақии Сабукдил “Ороияҳои адабӣ ва сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ” (1387/ 2009), Мисбоҳиддини Нарзиқул “Авзони ашъори Рӯдакӣ” (2011) , Партави Нодирӣ “Тасвирофаринӣ дар шеъри Рӯдакӣ” (2015) , Сафар Абдулло “Ҳунари шоирии устод Рӯдакӣ” (2017)   ва дигарон. Комилан равшан аст, ки он чи дар ин росто карда шудааст, ҳанӯз барои кашфи сирри шеъри ҳамчун Рӯдакӣ шоири бузурге басанда нест.

Бо ин ҳама роҳи ягона ва дурусти кашфи сирри шеъри рӯдакивор ҳамоно баррасии ҳаматарафа ва амиқу дақиқи мероси боқимондаи худи шоир аз лиҳози ҷанбаи ҳунарии онҳо мебошад. Агарчи аз он мероси фаровони ӯ имрӯз ҳамагӣ дар ҳудуди андак бештар аз ҳазор байт мондааст, боз ҳам метавон дар асоси онҳо мисли он ки бостоншиносон аз рӯи харобаҳои боқимондаи қасри Доро шукӯҳу шаҳомати гузаштаи онро ва ҳунаршиносон аз рӯи пайкараи сӯхтаву сиёҳгаштаи раққосаи суғдӣ зебоиҳои ҷисмонӣ ва рӯҳонии онро барқарор ва тасаввур намудаанд, вижагиҳо ва зебоиҳои шеъри Рӯдакиро низ ошкор намуд. Агарчи, бояд иқрор кард, ки он сахт душвор ва заҳматталаб буда, кори як ё ду нафар нест, корест, ки кӯшишҳои дастаҷамъӣ ва пайгиронаро тақозо мекунад.

– Ҳатто дар бораи миқдори осори боқимондаи Рӯдакӣ рақамҳои гуногун оварда мешаванд. Дар замони Саид Нафисӣ 1047 байт гирдоварӣ шуда буд; баъзе нашрҳои баъдӣ теъдоди дигар медиҳанд ва қисми байтҳо ба шоирони дигар нисбат дода шудаанд. Ба назари шумо, имрӯз чанд байти Рӯдакиро метавон бо итминони нисбатан мӯътамад  “байт асили Рӯдакӣ” донист ва оё дар даҳсолаҳои охир байтҳои нави воқеъан муътамад кашф шудаанд?

Дар нашри дувуми асари маъруфи Саид Нафисӣ, ки пас аз такмилу таҳрир соли 1963 таҳти унвони «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ» сурат гирифт, миқдори ашъори боқимондаи шоир ба 1047 байт расид.

Китоби дигаре, ки ба ин муносибат чоп шуд, маҷмӯъаи «Ашъор»-и Рӯдакӣ мебошад, ки  бо тасҳеҳи  Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадӣ дар силсилаи «Ахтарони адаб» дар нашриёти «Адиб» ба чоп расид.   Девони мазкур баъдан дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон низ зери унвони “Девони ашъори Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рудакӣ”  соли 1387/2009 ва Кобул  чоп шудааст. Тасҳеҳкунандагон онро матни илмию интиқодӣ номидаанд. Онҳо миқдори умумии байтҳои боқимондаи устод Рӯдакиро, агар хато накунам, 1220 байт шумурдаанд. Чуноки мегӯянд: ин куҷову “сездаҳ раҳ сад ҳазор” ё 100 ҳазор байт куҷо?

– Яке аз баҳсҳои  куҳна масъалаи нобиноии Рӯдакист. Аълохон Афсаҳзод ӯро нобинои модарзод намедонист, аммо Абдуҷаббор Тоҳирҷонов бар асоси сарчашмаҳо ба натиҷаи дигар расидааст. Шумо дар ин баҳс кадом далелҳоро қавитар медонед: маълумоти тазкираҳо, худи шеърҳои Рӯдакӣ ё натиҷаи таҳқиқоти антропологии солҳо 50-уми асри гузаштаро? Ва имрӯз ин баҳсро метавон ҳалшуда шумурд?

Баҳси нобиноии Рӯдакӣ чандин аср аст, ки идома дорад. Академик Абдулғанӣ Мирзоев, рӯдакишиноси маъруфи тоҷик дар ин хусус навиштааст: «Ахбороти дар ин бора боқӣ гузоштаи муаллифони сарчашмаҳоро агар ҷамъбаст намоем, мумкин аст онҳоро ба панҷ қисм ҷудо кард. Як қисми муаллифон ӯро «акма» – кӯри модарзод меноманд, қисми дуввум ӯро шоири нобино тасвир карда, дар бораи аз кадом вақт сар карда кӯр шудани ӯ чизе намегӯянд. Қисми саввум ӯро «шоири тирачашм» гуфтаанд. Қисми чорум чунин ақида доранд, ки Рӯдакӣ дар поёни умр кӯр шуда ва ё нобино гардонда шудааст, ниҳоят гӯрӯҳи панҷум дар ин бора ба куллӣ  хомӯш мондаанд». Вале дар байни онҳое, ки дар аввал ҷонибдори кӯри модарзод, нобино, тирачашм, “дар поёни умр кӯр ё нобино гардонда шудааст” буданд, баъзе аз онҳо назарашонро пасон дигар намудааанд, мисли Бадеъуззамон Фурӯзонфар. Ӯ дар хитобае, ки дар рӯзи ҷашни Рӯдакӣ ироа карда буд, ба ин “хатои азими худ” эътироф намудааст ва навиштааст: “Аммо дар хитобае, ки соли 1308 эрод кардам, дар ин бора шак доштам…, вале имрӯз мехоҳам яке дигар аз иштибоҳоти худро, ки қатъан ношӣ будааст аз қиллати баҳс ва эътимод бар далоили бинисба заъиф муртафеъ созам” ва қотеъона ба натиҷае расидааст, ки “устод Рӯдакӣ, бидуни ҳечгуна шак, кӯри модарзод буда ва ҳаргиз ҷаҳон ва сувари ҳиссиро ба чашми зоҳир мушоҳида нанамудааст”.

Муҷтабо Минуӣ ҳам дар мақолаи “Барзӯяи Ҳаким ва Рӯдакии шоир ва нашъунамои забони форсӣ” ба масъалаи кӯрии Рӯдакӣ рӯ оварда, маълумоти сарчашмаҳо ва мулоҳизаҳои рӯдакишиносонро дар замина баррасӣ намудааст. Ба мушоҳидаи ӯ агар дар “Ал-ҳавомил ва-ш-шавомил”, ки дорои саволҳо ва ҷавобҳои  байни Абуҳаён Тавҳидӣ ва Абуалӣ Мисквейҳ мебошад, Рӯдакӣ кӯри модарзод зикр шудааст, Дақиқӣ ва Носири Хусрав ӯро “тирачашми равшанбин” хондаанд, ки, ба қавли вай “дигар кӯри модарзодро мутазмин нест”. Ва азбаски ба мушоҳидаи муҳаққиқ, “дар баъзе маъохизи дигар ҳеч аз кӯр будани ӯ баҳс нашудааст ва сухан тавре аст, ки инсон ҳис мекунад ин нависандагон муътақид буданд Рӯдакӣ метавонистааст бинад”. Ҳамчунин Муҷтабо Минуӣ аз гуфтаҳои Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” дар бораи ҷараёни эҷоди “Калила ва Димна” аз тарафи Рӯдакӣ ва қавли Наҷотии Нишобурӣ дар “Бисотина-л-фузало” дар бораи он ки шоирро “дар охири умр мил кашиданд, яъне мили доғ дохили ҳадиқаи чашми ӯ карданд, ки кӯр шуд” ёд меоварад ва дар ниҳоят бо эътирофи он ки наметавонад “ин мушкилро ба наҳве ризоятбахше ҳал бикунад” бо такя ба баъзе шеърҳои Рӯдакӣ ба натиҷае мерасад, ки “гӯяндаи онҳо чашми бино доштааст “٬ “шояд кӯри модарзод набудааст”.

Абдулғанӣ Мирзоев пас аз баррасии масъала андешаи кӯр карда шудани шоирро ҷонибдорӣ менамояд.  Вале Абдурраҳмон Тоҳирҷонов дар китоби ҷамъбастии худ оид ба Рӯдакӣ боберо ба нобиноии шоир тахсис дода, андешаи кӯр кардани шоирро рад менамояд ва кӯри модарзод будани ӯро таъкид мекунад.  Далели асосие, ки ӯ ва дигарон меоранд, мавҷуд будани  “тасвирҳои зиёди басарӣ” дар шеъри шоирони нобиное, мисли Ҳомер, Башшор ибни Бурд (714-784), Абуалӣ Алмаъаррӣ (937-1058), Зарири Бухороӣ ва Муҳаммадтақӣ ибни Аббос Шӯридаи Шерозӣ (1858-1926) мебошад. Тахмини дуктур Ғуломҳусайни Юсуфӣ низ дар бораи он ки Рӯдакӣ “гӯйи ба ин сарнавишти талх чунон тан дода ва онро бари хештан пазируфта буда, ки монанди бисёре аз воқеъиятҳои ҳаёт ба бозгуфтани он ниёзе эҳсос намекардааст”,  чандон асосе надорад. Зеро шоире, ки ин қадр бо алам аз фурӯрехтани дандонҳояш афсӯс хӯрдаву аз рафтани айёми хуши зиндагиаш бо шавқ ёд овардааст, аз азобҳое, ки дар зиндагӣ аз кӯрии чашмонаш кашида бошад, ёде наорад. Шафеъии Кадканӣ дар мақолаи “Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ” пас аз таҳлили амиқ ва мӯшикофонае, ки ба навиштаҳои ӯ хос аст, ба хулосае омадааст, ки: “Дар миёни сувари хаёли ӯ камтар чизе аз аносири ғайритабиӣ вуҷуд дорад, таъсири илмро ба ҳеч гуна дар хаёли ӯ наметавон ҷустуҷӯ кард ва агар масъалаи кӯри модарзод будани ӯ амре мусаллам бошад, дар тамоми сувари хаёли ӯ ҷойи шак боқӣ мемонад, ки аз решаҳои дигаре гирифта шуда бошад. Зеро ингуна тасвирҳо, ки аз табиат ироъа медиҳад, ҷуз аз раҳгузари чашми бино, ки таҷрибаи ҳиссӣ дорад, қобили қабул нест, магар ин ки бигӯем ӯ низ монанди шоирони давраҳои баъд аҷзои хаёли худро аз шеъри дигарон гирифта ва фақат дар зеҳни худ онҳоро бо тахайюли шоиронаи хеш таъбир дода ва аз хаёлҳои дигарон хаёлҳои тозае ибдоъ кардааст.” Дуктур Комили Аҳмадинажод, муаллифи мақолаи “Нобиноии Рӯдакӣ ва унсури ранг дар шеъри Рӯдакӣ”, ки асосан аз зикри гуфта ва навиштаҳои маълум дар замина   иборат аст, майл ба он намудааст, ки Рӯдакӣ нобинои модарзодӣ мебошад ва он тасвирҳое, ки зикри дидани онҳо кардааст, дар асл дар онҳо “ҳавзаи унсури ранг дар ашъори Рӯдакӣ чандон васеъ нест. Ӯ теъдоди маҳдуде аз рангҳои аслиро дар шеъри худ ба кор бурда ва гӯиё ранги обу осмон, танаввӯъе, ки ранги сабзи дарахтон ва гиёҳон доранд ва бисёр нуктаҳо ва резакориҳои дигари марбут ба рангро фаромӯш карда”.  Ба мушоҳидаи вай, «тасвирҳои марбут ба ранг ва биноӣ дар шеъри як шоири нобино ба сурати дигар низ қобили тавҷеҳ аст. Бад-ингуна , ки шоир бо чашми дигарон манозир ва мароёро дида бошад. Яъне дигаре ончиро дида васф карда ва шоири нобино онро шунида ва ахаз ва ҷазб карда бошад”.  Бояд гуфт, ки ин нигоҳи рӯякӣ ба моҳияти масъала мебошад.

Бо дарназардошти ин ҳама, ба ақидаи мо, Рӯдакӣ кӯри модарзод набуда, шояд аз кӯдакӣ қувваи биноияш заиф будааст, ки он дар давраи пирӣ боиси нобино гаштани ӯ шудааст. Муаллифи “Бисотину-л-фузало ва раёҳину-л-уқало” (соли таълифаш 709/1331) Маҳмуд бинни Умар Наҷотӣ навиштааст, ки: “Дар поёни умр кӯр шудааст”.  Далелҳои зиёде  инро ба субут мерасонад. Аз ҷумла агар Абулқосими Фирдавсӣ ба таври ғайримустақим ишора ба кӯрии чашми Рӯдакӣ намуда бошад:

Гузорандае пеш биншонданд,

Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.

Дақиқӣ ва Носири Хусрав  низ Рӯдакиро мутаносибан “шоири тирачашми равшанбин” ва «тирачашм шоири равшанбин» номидаанд, ки ишора ба заъфи биноии ӯст, на кӯри модарзод будани ӯст.

Дақиқӣ гӯяд:

Устод Шаҳид зинда боястӣ

В-он шоири тирачашми равшанбин.

Носири Хусрав мефармояд:

Ашъори зӯҳду панд басе гуфтааст,

Он тирачашм шоири равшанбин. 

Аммо бар хилофи ин тахмину гумонҳо  дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ», ки шоир аз ҷавонии худ ёд мекунад, ҳатто ишорае ба кӯрии ӯ нест. Инро дуктур Ғуломҳусайни Юсуфӣ низ ба мушоҳида гирифтааст ва навиштааст: “Аҷаб он ки Рӯдакӣ дар саросари ин қасида андак ишорае ба кӯрӣ ва нобиноии хеш надорад”.  Муҷтабо Минуӣ низ ба ҳайси далел қасидаи “Шикоят аз пирӣ”-ро меорад.  Дар байти охири қасида расидани вақти асогирӣ таъкид шудааст, ки  далели маҳз дар пирӣ муҳтоҷи асо гаштани ӯст.

– Аз бузургтарин фоҷиаҳои таърихи адабиёти мо аз байн рафтани қисми азими осори Рӯдакист. “Калила ва Димна”-и манзуми ӯ қариб пурра гум шудааст ва аз “Синдбоднома” низ танҳо пораҳо мондаанд. Оё Шумо эҳтимоли пайдо шудани пораҳои нави ин асарҳоро дар китобхонаҳои Эрон, Афғонистон, Ҳинд, Туркия, кишварҳои арабӣ ё маҷмӯаҳои хусусӣ воқеӣ медонед? Оё Бунёди Рӯдакӣ барномаи махсуси ҷустуҷӯи дастнависҳои ҷаҳонӣ дорад?

– Имкон дорад. Бунёди Рӯдакӣ барномае дорад, аммо имкони идорӣ ва молӣ надорад. Дар шароити феълии иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаи мо огоҳона нахост, ки аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ мадад ҷӯяд. Барои иҷрои ин кори заҳматталаб ва барои ҳифзи мероси адабӣ ва фарҳангии миллӣ зарурӣ барномарезии давлатӣ лозим аст.

– Рӯдакӣ шоири дарбори Сомониён буд ва бахше аз осораш, аз ҷумла “Модари май”, дар заминаи рӯйдодҳои сиёсӣ ва мадҳи аҳли ҳукумат офарида шудааст. Бо вуҷуди ин, ашъори ӯ аз таҷрибаи инсонӣ, панд, шодзистӣ, фақр, пирӣ ва ноустувори  ҷаҳон пур аст. Рӯдакиро то куҷо метавон аз қолаби “шоири дарборӣ” берун оварда, ҳамчун мутафаккир ва нозири ҷомеаи замони Сомониён хонд?

–  Осори устод Рӯдакиро наметавон ба истилоҳи дар адабиётшиносии мо маъмул ба “адабиёти дарборӣ” ва  худашро ба “шоири дарборӣ” нисбат дод. Зеро ӯ дар дарбори хонадони Сомониён, ки бунёдгузори давлати миллӣ буданд, хидмат мекард, сониян, ӯ дар шеъраш афкори тамоми мардумашро бозтоб медод. Бинобар ин ӯ, бидуни шак, мутафаккири аҳли замонааш ва ҷомеаи давраш буд.

– Шумо “Шикоят аз пирӣ”-ро на танҳо қасида, балки яке аз асосҳои “шеъри ҳолия” дар адабиёти форсии тоҷикӣ мешуморед ва таъсири онро ба Мантиқӣ, Кисоӣ ва Мунтасир нишон додаед. Аммо то кадом ҳад метавон аз як шеъри бадеӣ барои барқарор кардани зиндагиномаи воқеии шоир истифода кард? Кадом маълумоти “Шикоят аз пирӣ”-ро метавон санади зиндагиномаи Рӯдакӣ шумурд ва кадомаш танҳо забони шеър аст?

Аввалан,дар қасидаи ҳолияи “Шикоят аз пирӣ” чизе нест, ки бофтаи шоир бошад, ҳамаи он ки шоир дар ин қасида гуфтааст, ба қавли худаш, “дуруст асту рост” аст на “дурӯғу фасона”.  Сониян, ҳамаи асари асили бадеӣ заминаи воқеъӣ дорад. Адиб воқеъоти зиндагиро нахуст аз ҳаллоҷии дарунии хеш мегузаронад ва баъд ба қалам меорад. Ин чизро дар гузашта назарияпардозони мо монанди, Сино, Форобӣ ва Насираддини Тӯсӣ “муҳокот” мегуфтанд.

– Рӯдакӣ дар марҳалаи ташаккули забони адабии форсии дарӣ зиндагӣ мекард. Имрӯз истиллоҳҳои “форсӣ”, “дарӣ” ва “тоҷикӣ” баъзан бо таснифҳои баъдии таърихӣ ба асри Х интиқол дода мешаванд. Аз нигоҳи соф забоншиносӣ забони Рӯдакиро чӣ гуна бояд номид ва осори ӯ дар ташаккули забони адабие, ки имрӯз тоҷикон, эрониён ва афғонистониён меросбари онанд, чӣ ҷойгоҳ дорад?

Ба асри Х, замони зиндагии устод Рӯдакӣ бидуни қайду шарт интиқол додани истилоҳҳои “форсӣ”, “дарӣ” ва хусусан “тоҷикӣ” дуруст нест. Зеро Рӯдакӣ ва ҳамасронаш забони навиштаҳояшонро “форсӣ (порсӣ, порсии дарӣ ва дарӣ) гуфтаанд, на “тоҷикӣ”. “Тоҷикӣ” гуфтани забони “форсӣ” аз соли 1924 ба асари сиёсатҳои геополитикии шӯравӣ оғоз гардиа буд. Дар ду даҳсолаи охир доман задани ин “масъала” аз тарафи чанд нафар забоншиносу адибони фурсатталаб ба хотири дурӣ ҷустан аз кишвари Эрон ва “миллатпарастии бардурӯғ ва сохта”  ғаразмандона буд.

Нақши забон ва тарзи баёни Рӯдакӣ дар сара шудан ва такмилу рушди забони форсии тоҷикону эрониён ва афғонистониён муассир буд ва хоҳад монд.

– Шумо ҳоло раиси Бунёди Рӯдакӣ ҳастед. Соли 2012 барои Бунёд 20 вазифаи мушаххас муайян карда будед – аз Девони илмӣ-интиқодӣ ва луғати Рӯдакӣ то феҳристи ҷаҳонии таҳқиқот, ҷамъоварии нусхаҳои дастнавис ва нашри “Рӯдакишиносӣ”. Агар имрӯз, дар Рӯзи Рӯдакии соли 2026, ҳисобот диҳед: аз ин  барнома кадом корҳо анҷом шуданд, кадомҳо нотамом монданд ва се лоиҳаи асосие, ки мехоҳед Бунёди Рӯдакӣ дар панҷ соли оянда ҳатман амалӣ кунад, кадомҳоянд?

“Бунёди Рӯдакӣ” дар тӯли 24 соли фаъолияти хеш ҳамзамон бо баргузории ҳамасолаи ҳамоишҳои илмӣ ва адабӣ дар Душанбе ва минтақаҳои гуногуни Тоикистон, аз ҷумла дар зодгоҳи устод Рӯдакӣ дар Панҷекат, Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор ва ғ. корҳои зеринро анҷом дод, ки муҳим мебошанд:

1.Таҳия ва тадвини матни “Девони ашъори Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз устод Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар асоси нусхаҳои дастраси ашъори шоир дар соли 2008 ;

2. Донишномаи Рӯдакӣ дар 3 ҷилд: ҷ.1 дар соли 2008 дар ҳаҷми 592 сафҳа, ҷ.2 дар ҳамон сол дар ҳаҷми 543 саҳифа ва ҷ.3 соли 2018 дар 577 саҳифа;

3. Нашри ду ҷилди “Ёдномаи Рӯдакӣ”;

4. Силсилаи таҳқиқот дар бораи аҳвол ва осори Рӯдакӣ аз қабили ҷилдҳои 1ва 2 “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ” (ҷилди 1 соли 2019 чоп шуд) , Абдулманнони Насруддин “Рӯдакӣ (нусхашиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда)” (1999) , Аълохон Афсаҳзод “Одамушшуаро Рӯдакӣ” (2003, 2008) , Субҳон Амирзода “Падидаи нодир” (2008) , Асрори Раҳмонфар “Рӯдакиро суханаш тилви нубост…” (2009) , Тоҷиддин Мардонӣ “Рӯдакӣ ва адабиёти араб” (2010) , Мисбоҳиддини Нарзиқул “Авзони ашъори Рӯдакӣ” (2011) , Мирзо Муллоаҳмад “Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон” (2012) ва “Осори Эроншиносӣ, ҷ.2. Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон, китоби аввал ва дувум” (2018). , Ҳоким Қаландаров “Рӯдакӣ ва исмоилия” (2012) , Абдунабӣ Сатторзода “Аз Рӯдакӣ то Лоиқ” (2013) , Абдулманнони Насриддин “Аз Рӯдакӣ то Аттор” (2017), Абдунабӣ Сатторзода “Устод Рӯдакӣ (рӯзгор, осор, нашр, таҳқиқ, паём, сабк ва ҷойгоҳ)”  ва ғ.

Се лоиҳаи асосие, ки Бунёди Рӯдакӣ дар панҷ соли оянда ба таври ҳатмӣ амалӣ карданӣ аст, инҳоянд:

1. Идомаи ҷустуҷӯ ва гирдоварии осори боқимондаи устод Рӯдакӣ;

2. Идомаи тарғибу ташвиқ ва тарҷумаи осор ва афкори шоири бузург:

3. Идомаи таҳқиқи усулии мероси ӯ.

–  Устод, дар арафаи таҷлили Рӯзи бузургдошти устод Рӯдакӣ китоби наватон таҳти унвони “Устод Рӯдакӣ” нашр шуд. Дар бораи ин китоб маълумот диҳед.

Китоби навам “Устод Рӯдакӣ (рӯзгор, осор, нашр, таҳқиқ, паём, сабк ва ҷойгоҳ)” ном дошта, кӯшиш намудам дар он дар бораи бунёдгузори адабиётамон дар заминаи дастовардҳои рӯдакишиносии ҷаҳонӣ ва бо диди нав ва равишҳои адабиётшиносии муосир андеша ронам. Ин китоб давоми мантиқии асарҳои барҷастаи устод Садриддини Айнӣ “Устод Рӯдакӣ” (1940), аллома Саид Нафисӣ “Аҳвол ва ашъори Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакии Самарқандӣ” дар се ҷилд (1309/1931, 1310/1932 ва 1319/1941) ва  “Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ” (1341/1963), академик Абдулғанӣ Мирзоев “Абу Абдулло Рӯдакӣ” (1958), профессор Абдурраҳмон Тоҳирҷонов “Рӯдакӣ. Рӯзгор ва осор. Таърихи таҳқиқ” (1968) буда, барои аҳли илму адаб, шогирдони донишкадаву донишгоҳҳои ихтисосӣ ва алоқамандони шеъри бунёдгузори адабиёти форсии тоҷикӣ устод Абуабдуллоҳ  Рӯдакии Самарқандӣ пешниҳод мешавад. 

То куҷо ба ин хостҳоям муваффақ шудаам, қазоват аз хонандагон ва алоқамандон мебошад.

Мусоҳиб Одил Нозир,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *