Қаллобӣ бо ваъдаи овардани мошин аз Чин

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавони 24-сола хабар дод, ки ба қаллобӣ ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ гумонбар мешавад.

Ба иттилои мақомоти милитсияи пойтахт, Денис Назаров, сокини шаҳри Душанбе бо ваъдаи аз Чин овардани мошинҳои гуногун аз шаҳрвандон маблағҳои калон ва молу ашёи арзишманд гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ ваъдаҳои худро иҷро накарда, маблағҳои бадастовардаашро ба манфиати шахсӣ сарф кардааст.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз беш аз 20 ҳолати эҳтимолии қаллобии ин ҷавон ошкор гардида, ҳаҷми умумии зарари ба шаҳрвандон расонидашуда зиёда аз як миллион сомониро ташкил медиҳад.

Мақомоти милитсия ҳамчунин хабар додаанд, ки гумонбар қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ ва қаллобӣ суд шудааст.

Айни замон нисбат ба Денис Назаров бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *