Ду медали тиллои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 (видео)
Имрӯз, 22 сентябр аз Бозиҳои XX осиёӣ, ки дар Ҷопон идома доранд, барои мухлисони варзиши Тоҷикистон хабари хуш расид. Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов, ду намояндаи кишвари мо дар риштаи санъати муҳорибаҳои омехта (ММА) соҳиби медалҳои тилло шуданд. Ҳамчунин, Беҳрӯз Хуршедзода медали нуқра ба даст овард.
Мирзобек Умаров дар вазни то 60 килограмм дар рақобати ниҳоӣ бар намояндаи Ӯзбекистон Фирдавс Атамуратов бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда, аввалин медали тиллои Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ба даст овард. Ӯ дар риштаи Modern MMA ҳунарнамоӣ кард.
Отабек Раҷабов дар вазни то 65 килограмм дар риштаи Traditional MMA бо намояндаи Филиппин Жан Клод Саклаг рақобат карда, бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад ва дуюмин медали тиллоро ба хазинаи варзишии Тоҷикистон ворид намуд.
Беҳрӯз Хуршедзода, варзишгари дигари кишварамон, дар вазни то 71 килограмм соҳиби медали нуқра гардид.
Бо ин натиҷаҳо шумораи медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 ба чор адад — ду тилло, як нуқра ва як биринҷӣ расид.
Агар таърихи ҳунарнамоии варзишгарони тоҷикро дар Бозиҳои осиёӣ варақгардон кунем, медалҳои Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов мутаносибан ҳафтумин ва ҳаштумин медалҳои тиллои Тоҷикистон дар таърихи иштироки кишвар дар ин мусобиқа мебошанд.
Қаблан Дилшод Назаров дар гурзпартоӣ солҳои 2006, 2010 ва 2014, Ҷаҳон Қурбонов дар бокс соли 2006, Давлат Болтаев дар бокс ва Сомон Маҳмадбеков дар ҷудо дар Бозиҳои осиёии Ҳангжоу-2022 медалҳои тилло ба даст оварда буданд. Бозиҳои Ҳангжоу-2022 бо сабаби ба таъхир афтоданашон соли 2023 баргузор шуданд.
Бозиҳои XX осиёӣ аз 19 сентябр то 4 октябри соли 2026 дар Ҷопон баргузор мешаванд. Ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ