Ҳунарманде, ки дар хотираҳо монд (видео)
23 сентябр зодрӯзи яке аз ҳунармандони маъруфи театру синамои тоҷик Асланшоҳ Раҳматуллоев аст. Агар умр вафо мекард, имсол 72-сола мешуд. Асланшоҳ Раҳматуллоев 27 апрели соли 2025 дар Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ беш аз ним аср зиндагии худро ба саҳна ва синамои тоҷик бахшид.
Меҳри синамо дар қалби ӯ аз кӯдакӣ пайдо шудааст. Вақте ки бори аввал дар деҳа намоиши киноро мебинад, тасмими ҳунарпеша шуданро мегирад. Баъди хатми мактаб ба Москва рафта, дар Донишкадаи умумииттифоқии кинематография – ВГИК таҳсил кард ва соли 1975 онро хатм намуд.
Фаъолияти эҷодии ӯ аз Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз шудааст. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар намоишҳои «Гамлет», «Шоҳ Лир», «Корвони бахт», «Гилеми кабуд», «Роҳзанон», «Мардон намегирянд» ва «Ғуруби Аҷам» нақш офаридааст. Баъдан фаъолияти ӯ бо Театри «Оина» пайваст гардид, ки дар он ҳам ҳамчун ҳунарпеша ва ҳам коргардон кор мекард.
Аммо Асланшоҳ Раҳматуллоев дар синамо бештар шуҳрат ёфт. Ӯ дар даҳҳо филм, аз ҷумла «Тӯфон дар водӣ», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Робита», «Дар ағба напаронед», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» ва «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» нақшҳои хотирмон офаридааст. Дар филмҳои кишварҳои дигар низ ҳунарнамоӣ кардааст.
Соли 1998 ба ӯ унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2005 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ