Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Бохтар

Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон аз рух додани садамаи нақлиётии магбор хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод ронанда сархуш будааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар Хатлон,  ронандаи автомобили тамғаи “БМВ”  Сироҷиддин Алиев, сокини 29 солаи ноҳияи Рудакӣ ҳангоми идораи мошин дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

“…Ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, ҳудуди ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, деҳаи Боғистон, аз уҳдаи идораи намудани воситаи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд ба деворҳои муҳофизати канори рости роҳ бархӯрдааст”,-гуфтааст манбаъ.

Дар натиҷаи ин садама, мусофири дохили автомашина Комилҷон Зоиров, сокини 38 солаи шаҳри Душанбе  бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Раёсати ВКД дар Хатлон мегӯяд, ронанда Сироҷиддин Алиев бо ин кирдораш ҷинояти дар моддаи 212, қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ пешбинишударо содир намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *